Ташвишовар будани техникаи коммуналӣ
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳолати воқеии техникаи махсуси корхонаҳои коммуналӣ ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мондааст,- иброз дошт директори кулли Хоҷагию манзилии коммуналии ҷумҳурӣ Алимурод Тағоймуродов ба мухбири АМИТ «Ховар». Аз 616 техникаи мавҷуда 184 –тои он таъмирталаб ва корношоям мебошанд. Ба иттилои манбаъ, 70 фоизи техникаи дар тавозуни Хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурибуда мӯҳлати дуюму сеюми хизматрасониро иҷро мекунад.Ба гуфти А. Тағоймуродов баҳри беҳдошти сифати хизматрасонии коммуналӣ ва қонеъ намудани талаботи истифодабарандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 79 адад техникаи партовкашӣ, 54 адад экскаватор ва 67 адад техникаи нурикашон зарур аст.Соли 2011 аз ҳисоби буҷаи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 8 адад техникаи махсуси коммуналӣ ба маблағи 309 ҳазор сомонӣ ва дар вилояти Хатлон ба маблағи 555 ҳазор сомонӣ 11 адад чунин техника харид ва ба тарзи ройгон ба тавозуни Хоҷагии манзилию коммуналӣ гузаронида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






