Тендерҳои байналмилалӣ доир ба истифодаи қаъри замин

Февраль 21, 2012 16:40

Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2012 гузаронидани тендерҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи истифодаи қаъри заминро ба нақша гирифтааст. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди захираҳои тиллои кони «Чоре», воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд; истихроҷ ва коркарди захираҳои тилло, сурма, нуқра ва дигар маъданҳои кӯҳии кони «Кончоч», воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд; гузаронидани омӯзиши геологӣ дар кони «Гумас», ки дорои захираҳои никел, мис ва платина аст, воқеъ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гузаронидани омӯзиши геологӣ дар кони «Икар», ки дорои захираи тилло, волфрам ва мис аст, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби Ҳукумат тендерҳои байналмилалӣ доир мегарданд. Иттилоъ дода мешавад, ки кулли ширкатҳои манфиатдор метавонанд мактубҳои худро доир ба ҳавасмандӣ барои иштирок дар тендерҳои зикршуда ба суроғаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (кўч. Шотемур 27, шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025) ва ё ба суроғаи электронии Кумита (info@gki.tj) ирсол намоянд.

Февраль 21, 2012 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд