Тендерҳои байналмилалӣ доир ба истифодаи қаъри замин
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2012 гузаронидани тендерҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи истифодаи қаъри заминро ба нақша гирифтааст. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди захираҳои тиллои кони «Чоре», воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд; истихроҷ ва коркарди захираҳои тилло, сурма, нуқра ва дигар маъданҳои кӯҳии кони «Кончоч», воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд; гузаронидани омӯзиши геологӣ дар кони «Гумас», ки дорои захираҳои никел, мис ва платина аст, воқеъ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гузаронидани омӯзиши геологӣ дар кони «Икар», ки дорои захираи тилло, волфрам ва мис аст, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби Ҳукумат тендерҳои байналмилалӣ доир мегарданд. Иттилоъ дода мешавад, ки кулли ширкатҳои манфиатдор метавонанд мактубҳои худро доир ба ҳавасмандӣ барои иштирок дар тендерҳои зикршуда ба суроғаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (кўч. Шотемур 27, шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025) ва ё ба суроғаи электронии Кумита (info@gki.tj) ирсол намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






