Тоҷикистон — Куриёи Шимолӣ: дидори охирин дар вохӯриҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон 2014
Душанбе, 27 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз тими мунтахаби Куриёи Шимолӣ барои доир кардани бозии охирини интихобии Ҷоми ҷаҳон бо дастаи мунтахаби мамлакат, ки рӯзи 29 феврал дар гурӯҳи «С»-и қитъаи Осиё дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд мегузарад, ҳозир шуд. Меҳмонон дар истирохатгоҳи «Бонки миллӣ», ки дар шаҳри Қайроққум воқеъ аст, ҷойгир шуданд. Натиҷаи дидори охирини тимҳои миллии Тоҷикистону Куриёи Шимолӣ ба ҷадвали гурӯҳ таъсир нарасонад ҳам, он метавонад ба рейтинги FIFA, ки ҳар моҳ гузаронида мешавад, таъсири худро гузорад. Дар робита ба ин вохӯрӣ дастаи мунтахаби кишвар дирӯз охирин бозии таҷрибавии худро бо тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд доир намуда, бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуд. Голро Фаррух Чориев дар дақиқаи 71-ум ба дарвоза зад.Ҳайати тими миллии кишвар аз 23 бозингар иборат буда, таҳти раҳбарии сармураббӣ Камол Алиспахич, мутахассиси босниягӣ бори аввал бо бозии расмӣ ба майдон меоянд. 12 нафар бозингари тими “Истиқлол”-и Душанбе, 8 нафар аз “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, якнафарӣ аз тимҳои “Равшан”-и Кӯлобу “Энергетик” ва як дастпарвари футболи тоҷик аз клуби “Шинник”-и Ярославли Русия шарафи футболи мамлакатро ҳимоя мекунанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






