Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои марзиро тақвият мебахшанд

Февраль 29, 2012 15:50

Душанбе, 29 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадиро 29 феврали соли 2012 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон ба тавсиб расонд. Шералишоҳ Мирзоев, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Созишномаи мазкур гуфт, ки он самтҳои асосии ҳамкорӣ ва афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро дар бахши сарҳадӣ, хусусан дар мавриди омода намудани мутахассисон ва кадрҳо дар муассисаҳои низомии Русия, расонидани кӯмак ҷиҳати интиқоли бору молҳо тавассути ҳавопаймоҳои Русия муайян менамояд. Санади мазкурро сентябри соли 2011 дар Душанбе сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия- Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба имзо расониданд. Шералишоҳ Мирзоев афзуд, ки ҳудуди 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии низомии Русия ба таври ройгон таҳсил намудаанд ва онҳо дар бахши нерӯҳои марзбонии кишварамон хизмат менамоянд. Ҳамзамон Амирқул Азимов, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, ки Тоҷикистону Русия дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ, инчунин табодули иттилоот ва омоданамоии мутахассисони бахши низомӣ ҳамкории самарабахш доранд. Мавриди зикр аст, ки Созишномаи мазкурро 22 феврали соли 2012 Думаи давлатии Русия ба тасвиб расонда буд.

Февраль 29, 2012 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад