Трансформаторҳои Қӯрғонтеппа дар бозори ҷаҳон рақобатпазиранд
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – ҶС «Трансформатор» — и шаҳри Қӯрғонтеппа ягона корхонаи истеҳсолкунандаи трансформаторҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Корхона ҳанӯз соли 1937 бунёд гардида, ҳоло дар он трансформаторҳои тамғаҳои мухталиф сохта мешаванд. Соли 2011 корхона ба маблағи 3 миллиону 974 ҳазор сомонӣ маҳсулот баровард, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 баробари 348 ҳазору 400 сомонӣ зиёд аст. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар давраи ҳисобот ин корхона 113 трансформатор истеҳсол намуда ва 97 адади он ба маблағи 1 миллиону 523 ҳазору 900 сомонӣ дар бозори дохилии кишвар фурӯхта шудаанд. Корхона, аз ҷумла, ба маблағи 380 ҳазору 600 сомонӣ ба кишвари Афғонистон трансформатор фурӯхтааст.Тавре дар Вазорати энергетика ва саноати мамлакат хабар доданд, ҳоло корхона 8 коргоҳ дорад, ки дар онҳо 151 нафар кор мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






