Усулҳои нави бозпурсиро омӯхтанд
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҳафтаи гузашта 8 нафар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, ҳамчунин намояндагони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҶТ дар курсҳои чоррӯза дар мавзӯи «Усулҳои асосии бозпурсӣ» иштирок намуданд.Тавре аз маркази матбуоти Агентӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, курсҳои омӯзиширо шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА бо мушорикати Эмерҷенс Груп ташкил намуд. Мақсад аз омӯзиш баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва густариши имкониятҳои онҳо барои беҳдошти фаъолияти ҳаррӯза буд. Мувофиқи маълумоти манбаъ, коршиносони байналмилалии Эмерҷенс Груп иштирокдорони семинарро бо усулҳои нави бозпурсӣ, ҳамчунин малакаҳои рушду густариши нерӯи ташкилотчигӣ шинос намуданд. Аз рӯи натиҷаи кори семинари таълимию амалӣ шаҳодатномаҳо супурда шуданд. Моҳи марти соли ҷорӣ гузаронидани курсҳои иловагии таълимӣ дар назар аст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






