Вохӯрӣ бо намояндагони СММ

Февраль 10, 2012 16:36

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 9 феврали соли 2012 дар бинои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи раиси Кумита бо мудири кишварии Бунёди аҳолии Созмони Миллали Муттаҳид Карл Кулесса ва мудири минтақавии ин созмон Николай Ботев сурат гирифт. Дар нишаст доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла доир ба рафти корҳои татбиқи лоиҳаҳои «Пешгирии БНМБ/БПНМ дар байни ҷавонони деҳот» ва «Рушди шабакаи YPEER дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Раиси Кумита Маликшо Неъматов перомуни рафти корҳо ва муваффақиятҳо дар ин лоиҳаҳо гузориши муфассал пешниҳод намуд. Ӯ зикр кард, ки барномаҳои амалишаванда барои паст намудани хавфи бемориҳои гузаранда, аз ҷумла БНМБ/БПНМ мусоидат намуда, барои заминагузории тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон қадамҳои устувор мегузоранд.Дар доираи лоиҳаҳои мазкур як қатор чорабиниҳо перомуни баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи ҷавонони деҳот таҳти шиори «Ҳамсол ба ҳамсол» гузаронида шуд. Ҳамзамон барои 40 нафар мутахассиси сохторҳои маҳаллии Кумита доир ба масъалаҳои баробарии гендерӣ омӯзиш доир гардид.Зикр гардид, ки масоили дастгирии ташаббусҳои маҳаллӣ аз ҷониби донорҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳоло ҳам беҳбудӣ мехоҳанд. Дар соли ҷорӣ Кумита як қатор чорабиниҳоро бо Хазинаи нуфузи Созмони Миллали Муттаҳид дар робита бо масоили рӯзмарраи ҷавонон ба нақша гирифта аст.Ҷаноби Николай Ботаев иброз намуд, ки мо низ аз татбиқи ин лоиҳаҳо қаноатманд ҳастем ва дар оянда барои мустаҳкам намудани усули ҳамкориҳои «Ҳамсол ба ҳамсол» дар байни ҷавонони деҳот талош хоҳем намуд. Дар ҳошияи ин суханон Карл Кулесса пешниҳод намуд, ки Шабакаи амалкунандаи Y-PEER фаъолияташро ҷоннок карда ва ба марказҳои иттилоотии ҷавонон бевосита пайваст шавад. Ин имкон медиҳад, ки захираҳои ҷавонон дар корҳои манфиатнок барои ҷомеа бештар истифода гарданд. Дар оянда дастгириҳо тавассути чунин лоиҳаҳо ба ҷавонони деҳот боз ҳам бештар хоҳанд шуд.

Февраль 10, 2012 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд