Вохӯрии Шариф Раҳимзода бо Ле Ман Луан
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маҳсулоти саноати нассоҷӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, инфрасохтор, туризм, ташкили бизнес-форумҳо ва мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаи илму техникаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок баён доштанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






