Вохӯрии Шариф Раҳимзода бо Ле Ман Луан

Февраль 1, 2012 14:29

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан баргузор гардид.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маҳсулоти саноати нассоҷӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, инфрасохтор, туризм, ташкили бизнес-форумҳо ва мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаи илму техникаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок баён доштанд.

Февраль 1, 2012 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд