Забон муколаммаи байни миллатҳост
Душанбе, 22 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамасола 21 феврал ҷашн гирифта мешавад, дар Душанбе бо иштироки ақалиятҳои миллие, ки муқими Тоҷикистон ҳастанд, ҳамоиш баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Иттиҳоди ақалиятҳои миллии Тоҷикистон ва Анҷумани тоҷикону форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» созмон дода шуда, ҳадафи он тарғиби забони давлатӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, идеалҳои ЮНЕСКО ва ҳифзи забонҳои модарии ақалиятҳои миллии Тоҷикистон буд. Шаҳло Абдураҳимова, котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО гуфт, ки Тоҷикистон кишвари гуногунмиллат ва демократист ва барои рушди забони модарӣ ва фарҳанги ақалиятҳои мухталиф фазои солиму созанда фароҳам оварда шудааст. Дар ҳамоиш ҳамзамон намояндагони ақалиятҳои миллӣ доир ба нақши забони модарӣ дар таҳкими дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмию бародарии байни миллату халқиятҳои гуногун, ҳифзи забони модарӣ табодули назар намуданд. Мавриди зикр аст, ки моҳи ноябри соли 1999 конфронси кулли ЮНЕСКО 21 февралро ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эътироф ва қабул кард. Ҳадафи он мусоидат ба рушди забони модарӣ дар саросари ҷаҳон, хусусан ҳифз ва густариши забонҳои ақалиятҳои миллӣ мебошад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






