Қарзҳо барои бонувони ҳунарманди маҳаллӣ
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бахшида ба Рӯзи Модар ва иди байналмилалии Наврӯз БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати дастгирии занони ҳунарманди маҳаллӣ қарзи хурди бонкиро бо фоизҳои нисбатан паст ҷорӣ намуд. Қарзҳои мазкур аз ҳисоби сармоягузориҳои Бонки Исломии Рушд, ки яке аз ҳамкорони бурунмарзии «Амонатбонк» мебошад, амалӣ мешавад. Албатта, дар шароити имрӯза дастгирии ин самти фаъолияти аҳолӣ ба хусус занони маҳаллӣ аз иқдоми саривақтӣ дар масоили боло бурдани сатҳи иҷтимоӣ ва ба фаъолият ҷалб намудани аҳолӣ мебошад. Ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргарӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, таббохӣ, машшотагӣ, ороиши матову ҷомаҳо, ҷӯроббофӣ ва ҳунарҳои дигари аҷдодӣ, ки аз тарафи бонувон иҷро мешаванд, дар дохил ва хориҷи кишвар талабгори зиёд дошта, аҳамияти худро гум накардаанд. Дастгирии молиявии ин қишри ҷомеа, ки аслан дар маҳаллу манотиқи музофотии кишвар қарор доранд, ба болоравии иҷтимоиёт дар саросари кишвар мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки «Амонатбонк» дар солҳои охир ҳамкориро бо як идда ташкилотҳои молиявии бонуфузи байналхалқӣ, ба мисли Бонки давлатии рушди Хитой, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки рушди Осиё ва Бонки Исломии Рушд тақвият дода, ҷалби сармояҳоро ҷиҳати рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ вусъат мебахшад.Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуот ва рекламаи БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






