Ҳамкориҳои кишоварзӣ бо кишвари Олтой
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 15 марти соли равон вохӯрии гурӯҳи намояндагони кишвари Олтойи Федератсияи Русия бо роҳбарии муовини губернатори кишвари Олтой Борис Ларин бо намояндагони Вазорати кишоварзӣ таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзӣ Юсуф Султонноёбов доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ мусбат арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон намояндагони кишвари Олтой қайд намуданд, ки дар оянда низ доир ба рушди техника ва технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, қисмҳои техникаи кишоварзӣ, инкишофи илми кишоварзӣ ва омӯзиши кадрҳо ҳамкориҳоро боз ҳам мустаҳакам менамоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






