Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 5 март, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон аз рӯи масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.Сарварии ҳайати Тоҷикистонро вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҳамраиси комиссия аз ҷониби Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ба ӯҳда дошт. Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси комиссия аз ҷониби Озарбойҷон Шоҳин Мустафоев роҳбари ҳайати Озарбойҷон буд.Ҷонибҳо дар ҷараёни ҷаласа ба якдигар аз вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати иқтисодӣ дар бахшҳои мухталифи ҳар ду кишвар хабар дода, перомуни вазъи ҳозираи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду мамлакат табодули афкор намуда, ҳамчунин нерӯи бузургро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ қайд намуданд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Озарбойҷону Тоҷикистон мароми умумии ҳукуматҳои ҳар ду кишвар аст. Онҳо ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ бахшҳои мухталифро мавриди муҳокима қарор доданд.Баъди анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон протоколи муштарак имзо шуд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






