Ҷаласаи сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон

Март 26, 2012 08:29

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯзи 25 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардид.  Ҷаласаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон — Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт. Зикр гардид, ки ҳамкории бунёдии иқтисодӣ самти муҳимтарин ва афзали робитаҳои дарозмуддати сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон эълон шудааст. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои «иҷрои саривақтӣ ва пурраи аҳду паймонҳои қаблан ҳосилшуда» набояд ба «саҳлангорӣ» роҳ дода шавад. Тавре аён гардид, манзури Эмомалӣ Раҳмон, асосан татбиқи лоиҳаҳои пайвастшавии роҳҳои заминӣ ва оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва бунёди хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон мебошад. “Кишварҳои мо, ҳамчунин дар чаҳорчӯби Қатъномаи Иҷлоси 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» -и рӯзномаи «Фарҳанги сулҳ» бояд барномаи мукаммалтари корӣ дошта бошанд”, – таъкид намуд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории сеҷониба дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва бозсозии имконоти иқтисодию иҷтимоӣ ва нақлиётию транзитии ин кишвар зоҳир карда шуд. Дар охири мулоқот Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар хусуси сохтмони хатти роҳи оҳан, интиқоли энергия (нафт, газ ва барқ) ва об ба имзо расид. Таъкид гардид, ки масоили татбиқи ин ва дигар тавофуқоти Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар муҳлатҳои наздик дар ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки сеҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 26, 2012 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд