Ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумат

Март 14, 2012 08:44

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар»). -Бегоҳии рӯзи 13 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Дар ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои зимистони тӯлонии сарду сербориш, вазъи номусоиди обу ҳавои кунунӣ, боришоти зиёди барфи рӯзҳои охир, аз хавфи тармаю обхезӣ эмин нигоҳ доштани мардум ва хоҷагии халқи кишвар ва ҳамчунин кӯмак ба чорводорон баррасӣ шуд. Доир ба вазъи кунунӣ ва чораҳои андешидашуда, Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва дигар шахсони масъул гузориш доданд. Тавре зикр гардид, зимистони сарду тӯлонии имсола ва боришоти аз ҳад зиёди барф ба хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла роҳу пулҳои мошингард ва бахши чорводории соҳаи кишоварзӣ хисороти зиёд ворид намуд. Дар натиҷаи хунукназарии масъулин ва нандешидани чораҳои саривақтӣ дар бисёр минтақаҳои кӯҳистон талафоти чорво ба назар мерасад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор доир ба нигоҳубини роҳҳои мошингард, аз тарма тоза кардани роҳҳои минтақаҳои кӯҳистон, таъмини рафту омади мусофирон, дастрас намудани хӯроки иловагии чорво ба чорводорон, ба хусус чорводорони минтақаҳои кӯҳӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то якуми апрели соли равон доир ба вазъи чорводорӣ дар кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.Зимни машварат ба масъулини дахлдор, ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиолоъ доданд.

Март 14, 2012 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст