Ҷоми президенти АФК

Март 2, 2012 13:27

Душанбе, 2 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз Кумитаи баргузории мусобиқоти Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони гурӯҳҳоро дар соли 2012 муайян кард. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, «Пномпен»-и Камбоҷа ва КРЛ-и Покистон меҳмононро дар кишвари худ қабул мекунанд. Дар се гурӯҳ бо ширкати 4 даста, дар маҷмӯъ 12 даста барои ҷом мубориза мебаранд. Бозиҳо аз 3 то 15-уми май доир хоҳанд шуд. Мухлисони футболи тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки шоҳиди бозиҳои хуби дастаҳои футболи Осиё дар шаҳри Душанбе гарданд.

Март 2, 2012 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад