300 нафар аз муассисаҳои таълимӣ хориҷ гардид

Март 6, 2012 10:27

Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо доир ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ Сунавбар Давлатов, дар солҳои 2007 – 2010 бар асари созмон додани як гурӯҳи ҷиноятии муташаккил бо роҳбарии директори мактаби таҳсилоти умумии рақами 62 –и шаҳри Душанбе Р.Қосимов (дар ҳайати чанд нафар директорону муовинон ва сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф), бо роҳи пешниҳод кардани дархост ва бовариномаҳои қалбакӣ аз раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорати мазкур зиёда аз 250 шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ дастрас намуда, ба ивази маблағҳои пулӣ (аз 100 то 300 доллари амрикоӣ) ба шаҳрвандон фурӯхтанд.Фаъолияти гурӯҳи ҷинояткорро кормандони Прокуратураи генералӣ ошкор намуда, баъди ҳаматарафа таҳлил намудан парвандаҳои ҷиноятӣ ба суд ирсол гардида, гурӯҳи ҷиноятии муташаккил ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.Кирдори ҷинояткоронаи ин гурӯҳ ба он оварда расонид, ки зиёда аз 300 нафар шаҳрванде, ки бо шаҳодатномаҳои қалбакӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуда буданд, аз муассисаҳои таълимӣ хориҷ карда шуданд.

Март 6, 2012 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд