А. Солеҳӣ: «Комёбиҳо эътимодбахшанд»

Март 9, 2012 15:40

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тавсиаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Эрон 9 март дар Душанбе дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Алиакбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баррасӣ гардид. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши равобити Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетика, илму фарҳанг, сармоягузорӣ ва масъалаҳои башардӯстонаро муҳокима намуданд. Ш.Зуҳуров сафари ҳайати расмии Эронро ба Тоҷикистон барои тавсеаи муносиботи дӯстонаи ду кишвари ҳамзабон муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф аз сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Эрон, ки дар соли 2010 сурат гирифта буд, ёдрас шуда гуфт, ки ҳайати палати поёнии парулмони Тоҷикистон зимни сафар бо мақомоти воломақоми Эрон мулоқот анҷом дода, бо фаъолияти Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз наздик шинос шуд, ки ин барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки ҳамчунин истифода аз таҷрибаи ҳамдигар дар заминаи таҳия ва қабули қарору қонунҳо ва санадҳои муҳим аз ҳадафҳои дигари густариши равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон аст. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Парлумони касбии Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон саҳми худро гузошта, саъй менамояд, ки тамоми асосҳои зарурии ҳуқуқӣ дар ин замина фароҳам оварда шавад. То имрӯз, дар ин самт санадҳои зиёди танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки равобити ду давлатро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва фарҳанг дар бар мегиранд. Аксари онҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расидаанд. Вазири корҳои хориҷии Эрон Алиакбар Солеҳӣ нахустин сафари расмии худ ба Тоҷикистонро қадами устувор дар равобити гуногунсоҳаи ду кишвари дӯст ва бародар -Тоҷикистону Эрон маънидод кард. Роҳбари идораи сиёсати хориҷии Эрон Тоҷикистонро яке аз асоситарин шарики иқтисодии худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон карда, изҳор дошт, ки Эрон хостори тавсеа ва таъмиқи ҳарчи бештари муносиботи худ бо Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо мебошад. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон натиҷаи сафари худ ба Душанбе ва дидору мулоқотҳояш бо мақомоти баландпояи Тоҷикистонро самарабахш ва муфид арзёбӣ намуда, натиҷаи онро барои миллат ва кишвари худ муҳим хонд. Муваффақият ва пешрафтҳои Тоҷикистон- ин муваффақият ва пешрафти Эрон аст ва кишвари мо ҳамеша аз дастовардҳои бузурге, ки миллати бародари тоҷик ба он сазовор мешавад, хушҳол буда, ин дастовардро дастоварди худаш медонад,- изҳор дошт Алиакбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон.

Март 9, 2012 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст