Андешаҳои Ҳиҷозӣ пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон

Март 27, 2012 18:27

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба кишварҳои Осиё, Австралия, Зеландияи Нав ва Ҷазираи Уқёнуси Ором Муҳаммад Ҳиҷозӣ мулоқот намуд.Пас аз мулоқот Муҳаммад Ҳиҷозӣ андешаҳояшро ба хабрнигорон баён дошта, аз ҷумла қайд намуд, ки: «бароям мояи шарафмандист, ки ба дидор ва мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мушарраф гардидам. Дар Миср Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти маъруф ва пешвои бузург мешиносанд, ки ба миллати тоҷик ва Тоҷикистон сулҳу субот, амният ва ҳаёти осоишта овардааст». Вай афзуд, ки кишварҳои моро риштаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва инчунин робитаҳои диниву иқтисодӣ ба ҳам мепайванданд. Давлати Миср ва Тоҷикистон таърихи хеле куҳан доранд. Ман дар ҷараёни мулоқот оид ба вазъияти Миср пас аз таҳаввулоте, ки соли гузашта ба вуқӯъ омад, ба ҷаноби Президент маълумот додам. Дар рафти сӯҳбат атрофи талошҳои Миср дар роҳи демократия, ҳамчунин роҷеъ ба баргузории интихоботи президентии Миср, ки дар назар аст моҳи майи соли ҷорӣ баргузор гардад, табодули афкори судманд сурат гирифт. «Мо бо мӯҳтарам ҷаноби Президент самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи Миср ва Тоҷикистонро баррасӣ намудем ва қобили тазаккур аст, ки ҳамроҳи мо ҳайати доираи соҳибкорони бонуфузи мисрӣ низ дар Душанбе қарор доранд, ки дар кори ҳамоиши соҳибкорон ширкат варзида истодаанд. Мутмаинам, ки ҳамкориҳои мо танҳо бо ишироки онҳо маҳдуд нашуда, робитаҳои тиҷоратӣ минбаъд низ густариш меёбанд. Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ мебошад. Умедворам ҳайатҳои тоҷирон ва соҳибкорони ҳар ду кишвар сафарҳои мутақобила анҷом медиҳанд. Ман инчунин ба Президенти Тоҷикистон оид ба мулоқоте, ки дирӯз бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додам, иттилоъ дода, паёми ҳамтои мисрии Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Миср ҷаноби Муҳаммад Комилро ироа намудам», — тазаккур дод Муҳаммад Ҳиҷозӣ. Муовини вазири корҳои хориҷии Миср иттилоъ дод, ки: «Мо ба мувофиқа расидем, ки ба кори комиссияи муштараки Миср ва Тоҷикистон нерӯи тоза бахшида, машваратҳои дуҷонибаи сиёсиро пагоҳ дар Душанбе бо намояндагони дахлдори Вазорати корҳои хориҷа барпо намоем. Ин механизмҳои ҳамкорӣ ба рушду гусариши муносибатҳои мо мусоидати арзанда хоҳанд намуд. Ман ба гуфтаҳои ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон оид ба дурнамои робитаҳои мо, баҳодиҳии вазъият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таваҷҷӯҳи хоси эшон ба ҳамкориҳои минтақавӣ бо диққат гӯш додам. Ҷаноби Олӣ дар бораи иқтидори арзишманди иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо мамолики араб ва махсусан Миср метавонанд мавриди истифода қарор гиранд, иттилои муфассал доданд»,- гуфт дар охир Муҳаммад Ҳиҷозӣ.

Март 27, 2012 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст