Барномаи нави давлатӣ

Март 12, 2012 17:06

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2012 таҳти рақами 92 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мазкур муайян гардидааст. Ҳамчунин вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муваззаф гардидаанд, ки маблағгузории Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳое, ки ҳамасола дар буҷаи давлатӣ пешбинӣ мешавад, таъмин намоянд. Бояд гуфт, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015 бо мақсади таъсиси системаи доимии мониторинг ва назорати давлатию ҷамъиятии шуғли занон ва духтарон ва ҳарчи бештар ба шуғл ҷалб кардани онҳо таҳия гардидааст. Барнома бар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои амалигардонии онҳо», «Стратегияи миллии фаъолггардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» ва дар бораи «Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2011» таҳия шудааст. Таҳлилҳои умумӣ нишон медиҳанд, ки новобаста аз он, ки дар тӯли 5 соли охир дар Тоҷикистон раванди афзоиши шумораи занони бо таҳсилоти касбӣ фарогирифташуда ба назар мерасад, ҳиссаи занон дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳамагӣ 32,8%-ро ташкил медиҳад. Дар давраи солҳои 2005-2010 таносуби духтарон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 28,1 то 22,3 фоиз ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ин нишондиҳанда аз 56,3 то 54,9 фоиз паст гардидааст. Афзоиши теъдоди занон дар байни донишҷӯён танҳо дар муассисаҳои олии касбӣ аз 26,6 то 28,9 фоиз ва дар курсҳои кӯтоҳмуддати таҳсилоти касбӣ барои бекорон аз 58,9 то ба 60,8 фоиз ба мушоҳида мерасад. Қобили қайд аст, ки дар маҷмӯъ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2012-2015 ташкили касбомӯзии 38 783 нафар зан пешбинӣ шудааст.

Март 12, 2012 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст