БЕҲБУДӢ — яке аз поягузорони матбуот
Ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷикҲаракати маорифпарварӣ, ки дар Осиёи Марказӣ бо ибтикороти Аҳмади Дониш дар нимаи дуюми асри XIX ба вуқӯъ пайваст, аз ибтидои асри XX дар шароити иҷтимоиву сиёсии дигар, дар зинаву сатҳи сифатан нав идомат ёфт. Аҳмади Дониш дар асарҳои иҷтимоиву фалсафӣ, таърихӣ ва бадеии худ хиштҳои аввалин ва таҳкурсии бинои маорифпарвариро гузошт. Ақидаҳо ва марому нийятҳои ӯ дар саҳифаҳои китоб ва дар гузоришҳои расмие, ки ба дарбор пеш мениҳод, сабт шуда, ба доираи маҳдуде аз аҳли китоб дастрас буд. Вале аз ибтидои асри XX вобаста ба ҷунбишҳои сиёсие, ки дар Русия ва мамолики Шарқи Наздик рух доданд, дар аморати Бухоро ва Туркистон низ оммаи васеътари мардум фикран бедор шуд. Манфиатҳои онҳо аз доираи рӯзгори хонавода ва маҳфилҳои маҳдуд фаротар рафта, ба ҳаёти кулли ҷомеа пайваст. Мардум андак- андак дарк карданд, ки беҳбуди зиндагии ҳар кадоми онҳо бидуни тағайюроту ислоҳоти бисёр соҳаҳои ҳаёти ҷамъият умуман имконнопазир аст. Ин ҳақиқатро Аҳмади Дониш хусусан баъди мусофиратҳое, ки ба Русия дошт, дар осораш талқин намуда буд. Вале нахустин иқдомоти амалӣ дар ин ҷода аз ибтидои асри XX шурӯъ шуд. Ва ин ҷараён ба мусофиратҳои аҳли зиё ва тиҷорат ба мамолики ҷаҳон, ба нашри китоб, хусусан ба интишори матбуот ва таъсиси мактабҳои усули нав дар Самарқанд, Бухоро ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ вобастагии қавӣ дошт. Ин омилҳо ақидаҳои маорифпарвариро ба зинаи сифатан нави таҳаввул ҳидоят намуданд. Таъсири як худи китоби Мирзосироҷи Ҳаким «Туҳафи аҳли Бухоро»- ро ба шууру тафаккури аҳли адаб, маърифат ва мактаб дар Бухорову Самарқанд ёдрас шудан кофист, ки аҳмияти омилҳои мазкур равшан гардад. Таконе, ки нашри рӯзномаҳои «Бухорои шариф», «Самарқанд,» маҷаллаи «Ойина», инчунин таъсиси мактабҳои усули нав ба бедории фикри мардум дод, гуфтан мумкин аст, ба аҳамияти фақулъодаи иҷтимоиву фарҳангӣ молик буд.Ҳамаи ин иқдомот, ки тақозои давру замон буд, бо фаъолият ва шуҷоати шахсиятҳои ҷудогона сахт вобастагӣ дошт. Дар байни онҳо чун Мирзосироҷи Ҳаким, Абдулқодир Шакурӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Садриддин Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат ва амсоли инҳо шахсони гуногунпешаву гуногунмартаба буданд, ки дар роҳи танвири афкори ҷомеа ҷоннисорона хидмат мекарданд.Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар ин миён мақому манзалати хоса дорад. Ӯ чи бо таълифи осори таълимӣ, мақолоти публитсиситӣ, чи бо фаъолияти рӯҳониву иҷтимоӣ ва ноширии худ дар таърихи ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ нақши равшан боқӣ гузошт. Вале чархи гардони сиёсат ба рӯи шахсият, фаъолият ва хидматҳои Беҳбудӣ ҷунон пардаи ғализи сиёҳ андохт, ки нишонаҳоеро аз онҳо дидану шинохтан даҳсолаҳо аз имкон берун монд.Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ соли 1875 дар дехаи Бахшитеппаи вилояти Самарқанд ба дунё омад. Маълумоти ибтидоиро аз тағояш Мулло Одил гирифт, ки муфтӣ буд. Соли 1894 падараш аз олам даргузашт ва Маҳмудхоҷа бинобар мӯҳтоҷии оилаашон қатъи таҳсил кард ва дар ҳузури тағои қозиаш Муҳаммад Сиддиқ ба кори мирзогӣ пардохт. Дере нагузашта тағояш аз қозигӣ маъзул шуд ва Беҳбудӣ низ аз кор маҳрум монд. Вале душвориву сахтиҳои моддиву маишӣ азми ӯро ба таҳсилу таълим натавонист қатъ бикунад ва дере нагузашта Беҳбудӣ дар Самарқанд аввал мирзои муфтӣ ва баъдтар муфтӣ таъйин шуд.Маҳмудхоҷа аз овони наврасӣ аз тағояш забонҳои арабӣ ва туркиро омухта, ба нашрияҳои хориҷӣ ошноӣ пайдо карда буд. Дар танвири афкори иҷтимоиву маорифпарварии ӯ хусусан нашрияи «Тарҷумон», ки дар Боғчасарой чоп мешуд, нақши муҳим бозид. Соли 1900 Беҳбудӣ озими ҳаҷ шуд. Дар ҷараёни мусофират ӯ дар шаҳрҳои Туркия ва Миср бо вазъи мактабу маориф ва усулҳои нави таълим ошно гардид. Сипас солҳои 1903-1904 ба Русия сафар карда, дар шаҳрҳои Петербург, Қазон ва Оренбург кори мактабҳо, матбуот, ҳамчунин адабиёти русу тоторро аз наздик омӯхт, хусусан ба усули таълими савтияи маорифпарвари машҳури тотор Исмоили Ғаспаронӣ (Гаспаринский) рағбат ҳосил намуд Исмоилбек Гаспаринский (1851-1914) нависанда ва рӯзноманигор, яке аз асосгузорони тарзи нави таълим (усули ҷадида) дар мактабҳои исломӣ буд. Таълимоти ӯ ба ташаккули ҳаракати ҷадидия дар Тотористон, Туркистон ва аморати Бухоро таъсир расонидааст. Аз ин хусус дар «Таърихи инқилоби Бухоро »- и устод Айнӣ низ ҷо –ҷо сухан меравад. Дар айни авҷи Инқилоби якуми рус (1905-1907) Гаспаринский аз ҷумлаи ҳимоятгарони манфиатҳои умуми Россия буд ва чунин тарғибот мебурд: «Мусулмонон бояд ба муқобили Россия инқилоб барпо накунанд ва дар назди вай хоин нашаванд» (рӯзн. «Туҷҷор», 1907, №15,14 декабр). Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ низ зери таъсири ӯ баъди бозгашт дар Самарқанд мактаби усули ҷадид боз кард ва барои ин мактаб китобу дастурҳои таълимӣ навишт («Китоб-ул — атфол», «Мухтасари ҷуғрофияи Русия», « Мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ», «Мухтасари таърихи ислом», «Амалиёти ислом», «Мадхали ҷуғрофияи имронӣ»), ҳамчунин харитаи Туркистон, Бухоро ва Хеваро тартиб дод ва нашр кард. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ низ аз Инқилоби якуми рус умедвории зиёд дошт ва баъди эълони Манифести шоҳи Россия аз 17 октябри соли 1905 дар мақолааш «Ҳуррият- озодӣ — свобода- эркинлик» навишта буд: «Халқамон беҳад хурсанд ва муташаккир шудаанд, ки бо иродаи Аллоҳ ва марҳамати подшоҳамон аз як тараф ба озодӣ, аз тарафи дигар ба мартабаи вакил фиристодан ба Маҷлиси миллӣ ноил шуданд… Мо ва тамоми аҳли Русия дар як мартаба қарор мегирем» («Туркистон вилоятининг газетаси», 1906, 15 феврал, №7)Дар ҷараёни омӯзиши кори мактабу маориф, хусусан баъди сар кардани кори амалии таълим дар мактаби ҷадид Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дарёфт, ки дар доираи танҳо мактаб ва тағйири усули таълим наметавон табаддулоти чашмраси фикрӣ ба ҷомеа ворид кард. Воситаҳое лозим буд, ки имкони бо анбӯҳи васеътари мардум алоқа ва мусоҳиба карданро фароҳам оварад. Бинобар ин ӯ соли 1913 рӯзномаи «Самарқандро»-ро таъсис ва нашр кард. Худаш муҳаррири масъули рӯзнома низ буд ва дар таълифу тарҷумаи мақолаву хабарҳои рӯзнома фаъолона ширкат менамуд. «Самарқанд» аз моҳи апрел то сентябри соли 1913 ҳафтае ду бор ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ интишор меёфт. Дар таҳияи мавод ва нашри рӯзнома Саидризо Ализода хеле фаъолона иштирок мекард. Қисми асосии маводи рӯзнома аз мақолаҳое иборат буд, ки мафкура ва манфиати аҳли зиё ва тиҷоратро мунъакис менамуд. Дар баробари ин дар рӯзнома мақолаҳои фарҳангиву адабӣ, шеъру манзумаҳо низ нашр мешуданд, ки аҳамияти калони маърифатӣ доштанд. Аз ҷумла шеъри машҳури Сиддиқии Аҷзӣ «То ба кай?», ки мазмуни тунду тези иҷтимоӣ дорад, дар ҳамин рӯзнома (6 августи соли 1913) нашр шуда буд. Ба тавассути мақолаҳои рӯзнома хонандагони маҳаллӣ бо чигунагии фарҳанги халқҳои Аврупо, хусусан маданияти халқи рус, ошноӣ пайдо мекарданд. Рӯзномаи «Самарқанд» ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб менамуд, теъдоди чопаш ба 600 расида буд, вале баъди нашри 45 шумора баста шуд.Яке аз сабабҳои баста шудани рӯзномаи «Самарқанд» дар моҳи сентябри соли 1913 ин буд, ки аз моҳи августи ҳамон сол Беҳбудӣ ба нашри маҷаллаи «Ойина » шурӯъ намуд, имконоти моддии ӯ ба чопи ду нашрия кифоят намекард. Аз ҷониби дигар, маводи маърифатӣ ва мақолоти тунду тези иҷтимоие, ки дар рӯзнома чоп мешуд, ғазабу норизоии аҳли хурофотро ангехта, боиси ҳамлаҳои ошкорову пинҳонӣ ба рӯзнома ва ношири он гардида буд.Маҷаллаи «Ойина» аз августи соли 1913 то 15- уми июни 1915 аввал моҳе як шумора ва баъдан ҳар моҳ ду шумора чоп мешуд. Ношир ва муҳаррири он низ худи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ буд. Ин маҷалла дар як муддати кӯтоҳ тавонист доираи васеъи муаллифонро ба худ ҷалб кунад. Дар байни онҳо Сиддиқии Аҷзӣ, Саидризо Ализода, Абдуррауфи Фитрат, Мирзосироҷи Ҳаким, Садриддин Айнӣ барин чеҳраҳои равшани он айём буданд, ки бо мақолаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва осори адабии худ саҳифаҳои маҷалларо зинат медоданд. Як қисми умдаи маводи ин нашрия аз мақолаҳои илмӣ ва маърифатӣ фароҳам меомад. Ба муҳимтарин воқеаҳои рӯз мақолаву хабарҳои худи Беҳбудӣ ҷавоб мегуфтанд. Масалан, 3-уми январи соли 1914 муллоёни иртиҷоӣ ба тавассути сӯфӣ Аббос ном рӯҳонии заҳматободӣ Сиддиқии Аҷзиро дар мадрасаи Улуғбек кофир эълон карданд. Маҷаллаи «Ойина» оид ба ин воқеа ду хабар чоп кард ва муаллифи ҳарду низ Беҳбудӣ буд. Дар яке (11.01.1914,№12) ӯ баробари хабар додан , ин чунин исбот менамуд, ки Аҷизиро «урус», «кофир» ва «рускунандаи» мардумхондани муллоён асосу заминаи мантиқӣ надорад. Дар хабари дуюм бо (18.01.1914. №13) омадааст, ки рӯҳониён даъват мекунанд, ки мардум ба «Анҷумани арвоҳ»- и Аҷзӣ бовар накунанд. Беҳбудӣ далелҳои шаръӣ ва ақлӣ надоштани ин даъвоҳоро нишон дода, бо ҳамин исбот кард, ки шахсоне мисли Аҷзӣ кофир нестанд ва такфири ӯ асос надорад.Аз ҷониби Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки ҳамчун муфтӣ ва ҳоҷӣ эътибори хеле баланд дошт, ҳимоят шудани Аҷзӣ дар он замон хеле муҳим буд. Дар «Ойина» ба ҷуз мақолаҳои иҷтимоимазмун ва маорифпарваронаи Аҷзӣ 18 шеъри тоҷикӣ ва туркии озарии ӯ ба табъ расида буд, ки ин худ гувоҳи равшани дастгирӣ дидани Аҷзии такфиршуда аз ҷониби Беҳбудӣ ба ҳисоб мерафт.Ношир ва муаллифони «Ойина» ба инъикоси масоили мактабу маориф диққати махсус медоданд, дар ҳар шумора оид ба вазъи таълим ва роҳу усулҳои навсозии мактабу маориф мақолаҳои дастурӣ ва осори адабӣ чоп менамуданд. Аз ҷумла шеъри машҳури Айнӣ «Нидо ба ҷавонон» дар ҳамин маҷалла (1914, №5) ба табъ расида буд. Маводи маҷалла ба ду забон- тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр шуда, баъзан эълонҳои ба забони русиро низ фаро мегирифт. «Ойина» ба ҷуз Осиёи Миёна дар Қафқоз, Туркия, Эрон, Афғонистон ва Тотористон низ хонандагону муштариён дошт.Рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Ойина» дар ташаккули маданияти рӯзноманигорӣ ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ нақши ниҳоят равшан боқӣ гузоштанд. Ҳамачунин жанрҳои асосии рӯзноманигорӣ- хабар, мақола, репортаж ба ин забонҳо низ дар саҳифаҳои ҳамин нашрияҳо шакл гирифтанд. Ва дар ин роҳ хидмати Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ шоистаи таҳсину такрим аст.Фаъолияти рӯзноманигорӣ ва маорифпарварии Беҳбудӣ дар доираи рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Ойина» маҳдуд набуд. Ӯ инчунин дар матбуоти дигари он замон, мисли «Туркистон вилоятининг газетаси» («Рӯзномаи вилояти Туркистон»), «Шӯро», «Вақт» фаъолона иштирок мекард, оид ба масъалаҳои маориф, мактаб, тарбияи ҷавонон бисёр мақолаҳои публитсистӣ ба табъ мерасонд. Дар аксари ин мақолаҳо хурофоти феодалӣ, таълими схоластикии мадраса, ҷаҳолати сарватмандони замон аз дидгоҳи як нафар маорифпарвари ислоҳотхоҳ мавриди мазаммат қарор мегирифт. Аз ин лиҳоз хусусан мақолаҳои «Эҳтиёҷи миллат» (1909), «На ду, балки чор забон лозим» (1913), «Бухоро хонлигига саёҳат» («Саёҳат ба хонии Бухоро », «Вақт», Оренбург, 12-уми июли 1912)хеле тунду тез буданд.Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба сифати як шахсияти маърифатпарвару ҷаҳондида хуб дарк мекард, ки тақдири халқҳои Осиёи Марказӣ дар он шароити сиёсиву иқтисодии мавҷуда танҳо ба худи онҳо вобаста нест. Бино бар ин ба воқеъаҳое, ки дар Русия ва мамолики Шарқи Наздик ба амал меомаданд, бо чашми таҳқиқу таҳлил менигарист. Ӯ мисли Ҳамза, Алвонӣ, Айнӣ, Тавалло, Аҷзӣ, М. Шермуҳаммадов ва бисёр зиёиёни дигари Туркистон ва аморати Бухоро инқилоби феврали соли 1917-ро дар Русия бо табрику таҳният истиқбол намуд. Ин гурӯҳи зиёиён умед доштанд, ки баъди барҳам хӯрдани ҳокимияти подшоҳӣ ва барқарор гардидани ҳокимияти буржуазиву демократӣ Туркистон аз занҷири мустамлика ва Бухоро аз вазъи ниммустамликаи Русия раҳоӣ меёбанд. 18 апрели соли 1917 Беҳбудӣ дар Қурултойи муслмонони умуми Туркистон масъалаи аз Русия ҷудо кардан ва давлати мустақили федеративӣ эълон намудани Туркистонро ба миён гузошт. Баъди инқилоби октябр Беҳбудӣ борҳо «ба муқобили болшевикҳо этироз» карда (Архиви вилоятии Самарқанд, Ф. 74, делои 6, варақҳои 23-26), изҳороташро дар ин мавзӯъ дар Думаи шаҳрии Самарқанд баён намудааст (Рӯзномаи «Свободный Самарқанд», 1917, 9 ноябр, №111). Ӯ инчунин дар воқеаҳои арафа ва рӯзи эълони фармони ислоҳот дар Бухоро (6-7 апрели соли 1917) дар ҳайати вакилони Самарқанд ҳамроҳи намояндагони сафорати Русия ва кумитаи иҷроияи Когон фаъолона иштирок намуд. Шӯҳрат ва эътибори Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба дараҷае буд, ки амир аз ҳузураш ибо дошт. Аз ҷумла дар маҷлиси мулоқот амири Бухоро «аз дари болоӣ даромада, бо тамоми аврупоиён мулоқот кард. Аз вакилони Самарқанд бо аврупоӣ мулоқот карда бошад ҳам, бо Беҳбудӣ ва Ҳайдарбек мулоқот накард» (Садриддин Айнӣ, Таърихи инқилоби Бухоро. Душанбе, «Адиб»,1987, саҳ.153-154). Ба ҳар ҳол ҷунбиши фикрӣ ва фаъолиятмандии аҳолии Туркистон ва аморати Бухоро дар дили Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ шӯълаи умедро ба беҳбудии ин минтақа фурӯзон карда буд.Бо вуҷуди ин Беҳбудӣ ба сифати як зиёии ислоҳотхоҳ ва маорифпарвар тавонист дарк бикунад, ки Инқилоби Октябр моҳиятан як амри зӯроварист, ки дар Русия содир шуда, ба гӯшаҳои мустамликаи Русия, аз ҷумла ба Туркистон иҷборан таҳмил гардид. Ин мавқеи ӯ дар Қурултойи чоруми фавқулъодаи мусулмонони умуми Туркистон (моҳи ноябри соли 1917) равшан намудор шуд. Вай дар ин Қурултой узви кумитаи Мухторияти Қӯқанд интихоб гардид. Баъдтар, дар ибтидои соли 1918, ки ҳокимияти шӯроҳо дар Туркистон барқарор шуда, дар Самарқанд созмони «Иттифоқ» маромҳои болшевиконро бо ҳар роҳ амалӣ менамуд, Беҳбудӣ иқдомоти зӯроварии ин созмонро маҳкум карда, аз ҷумла гуфта буд: «Ман тараққӣ ва эътидолпарварам. Аммо муносибати фирқаи меҳнаткаши Самарқанд бо болшевикон аст» («Ҳуррият», 12.01.1918)Бо вуҷуди ин Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ муддате дар идораҳои ҳукумати шӯро фаъолият намуд. Аз моҳи майи соли 1918 ӯ дар шӯрои мусулмонони коргар ва деҳқон дар Самарқанд ба сифати комиссари маориф ба кор шурӯъ кард. Моҳи июли ҳамон сол ба Тошканд рафта, бо роҳбарони ҳизб ва Шӯрои РАСС Туркистон вохӯрда, дар кори тайёр кардани лоиҳаи дикрету ҳуҷҷатҳои расмӣ ширкат варзид. Ҳангоми кор дар идораи маорифи шаҳри Самарқанд Беҳбудӣ то ҷое, ки метавонист, ба муаллимон ва маорифпарварон А. Шакурӣ, С. Айнӣ, Ш. Раҳматуллоев ва ҳаммаслакони онҳо ёрӣ мерасонд, мактабҳо таъсис карда, дар таҳияи китобҳои нави таълимӣ кӯшиш ба харҷ медод.Моҳи марти соли 1919 Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ аз Самарқанд озими сафар шуда, баъди гузаштан ба хоки аморати Бухоро дар Шаҳрисабз аз ҷониби амалдорони амир ба ҷурми кофиру ҷадид хонда шуданаш дастгир гардид. Сипас бо амри амир ба шаҳри Қаршӣ оваронда, ба зиндон партофта ва дар ҳамон ҷо ваҳшиёна кушта шуд. Хабари кушта шудани Беҳбудӣ аҳли маърифат ва қалами тамоми Осиёи Миёнаро ба шӯр оварду аламзада кард. Махсусан С. Айнӣ ва Абдуррауфи Фитрат, ки ҷабру ситами амирро ба ҷони худ эҳсос кардаву аз Бухоро фирорӣ ва дар Самарқанд паноҳанда буданд, аз ин воқеаи даҳшатзо сахт мутаассир шуданд ва дар рисои Беҳбудӣ марсияҳои ҷонгудоз гуфтанд. Ҳамчунин дигар адаибони тоҷику ӯзбак низ дар асари ин фоҷеа шеъру мақолаҳо навиштанд, ду шумораи рӯзномаи «Шӯълаи инқилоб» ба воқеаи куштори Беҳбудӣ ва маросими дафни ӯ бахшида шуд. Абдураҳмони Абдуманнон