Боздиди ҳайати Олтой аз ПСС
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 15 март дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқоти аҳли тиҷорати мамлакат бо ҳайати иқтисодии кишвари Олтойи Федератсияи Русия баргузор гардид. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сарварии ҳайатро муовини ҳокими кишвари Олтойи ФР Борис Ларин ба ӯҳда дорад.Мақсад аз сафари ҳайат таҳким бахшидани равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникии миёни ду кишвар, ҳамчунин шиносоии аҳли тиҷорати Тоҷикистон бо имконоти иқтисодии кишвари Олтой аст.Зимни мулоқот ба чунин самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ, чун ҳамкории инвеститсионию кооперативӣ дар арсаи кишоварзӣ, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуд.- Маҳсулоти асосии содироти Тоҷикистон тибқи созишномаю қарордодҳои минтақавӣ иборат аз маҳсулоти меваю сабзавот, консерв ва меваи хушк мебошад, — гуфт муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Лариса Кислякова.Дар ҷараёни мулоқот изҳор шуд, ки ҷонибайн хостгори дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои мушаххас дар бахши ба Тоҷикистон фиристодани орду маҳсулоти ярма, техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии он мебошанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






