Дастрасӣ ба иттилоот дар Бадахшон
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Радиои Бадахшон танҳо барои 30 ҳазор аҳолии он дастрас аст. Бино ба гуфти сардори идораи радио ва телевизиони Бадахшон Баҳодур Саодатшоев, то давраи солҳои 90 –уми асри гузашта радиои Бадахшон тавассути сим ба гӯши сокинони деҳоти дурдасти вилоят расонида мешуд. Баъд аз давраи нооромиҳо ва тахриб шудани симҳои радиоӣ аз 200 ҳазор аҳолии вилоят ҳамагӣ 30 фоиз ё 67 ҳазор нафар сокини ин вилоят имкони шунидани барномаҳои радиои маҳаллиро доранд.Ба гуфти мутахассисони радиошунавонии вилоят барои насби фиристандаҳои мавҷ дар тамоми маҳалҳои аҳолинишин беш аз 4 млн. сомонӣ зарур аст, ки маркази пахши барномаҳо чунин имконияти молиявиро надорад.-Дар ду соли оянда — (2013 — 2014) ҳамагӣ 47 фоизи аҳолӣ имкони дастрасӣ ба радиои вилоятро пайдо мекунад, боқӣ 53 фоизи аҳолӣ танҳо соли 2020 имкони пурра шунидани барномаҳои радиои вилоятро доро хоҳанд шуд,- иброз дошт Б. Саодатшоев ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






