Э. Раҳмон: «Дар ҳар як хонадон бояд китобхонаи шахсӣ бошад»

Март 20, 2012 11:29

Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили сеюмин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ва ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Боиси сарфарозист, ки мулоқоти имсола бо аҳли зиё дар китобхонаи тозабунёди миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст Президенти кишвар ҳамагонро бо иди байналмиллалии Наврӯз табрик гуфт. Сарвари давлат таъкид намуда гуфт, ки: «Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто хеле корҳоро ба сомон расонид. Рӯзе, ки хишти нахустини Китобхонаи миллӣ гузошта шуд, мо онро дар кишвар ҳамчун Рӯзи китоб эълон кардем. Агар таваҷҷӯҳ карда бошед, қисмати байни бино ду саҳифаи бозшудаи китобро акс менамояд ва ин гувоҳ аст, ки аз ҳамин рӯз сар карда, дарҳои Китобхонаи миллии мо ба рӯи дӯстдорони китоб ва ҷӯяндагони илму дониш ҳамеша боз хоҳанд буд». Барои тақвият ва такомули фаъолияти китобдорӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар даҳ соли охир се барномаи давлатӣ — «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» ва «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013»-ро қабул кард. Барои иҷрои ин барномаҳо аз буҷаи давлат даҳҳо миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Татбиқи ин барномаҳо имкон дод, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳарчи бештар қонеъ гардонида шавад. Бояд гуфт, ки ҳоло дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1330 китобхонаи оммавӣ фаъолият дошта, танҳо дар панҷ соли охир 30 китобхонаи нав дари худро ба рӯи хонандагон боз намуд. Инчунин, ҳоло дар саросари кишвар 120 мағозаи фурӯши китоб фаъолият дорад ва танҳо соли гузашта 20 фурӯшгоҳи нави китоб ба истифода дода шуд. «Бори дигар таъкид менамоям, ки китоб дар рушди маънавиёту маърифати инсонӣ нақши асосӣ мебозад. Аз ин рӯ, дар ҳар як хонадон бояд китобхонаи шахсӣ вуҷуд дошта бошад, то ки наслҳои имрӯзу оянда, махсусан наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омӯзанд. Дар ин кор падару модарон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд»,-таъкид намуд сарвари давлат. Бояд зикр кард, ки масоҳати умумии китобхона қариб 45 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Китобхона дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хизматрасонист, ки ҳамаи онҳо ба талаботи меъёрҳои ҳозиразамон ҷавобгӯ мебошанд.
 
Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат ба масъулини дахлдор супориш дод, ки ҷиҳати ҷалби бештар ба китобхонӣ ҷойҳои нишаст барои шахсони китобхон зиёдтар ва муҷаҳҳазу гуворотар карда шаванд.
Илова бар ин, дар китобхона толорҳои хониши электронӣ мавҷуданд, ки бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳазанд ва бо китобхонаҳои мамолики пешрафтаи дунё робита доранд. Ҷаҳон ҳама вақт ба нерӯи ақлонӣ эҳтиёҷ дорад. Кишварҳое, ки аз ин нерӯ пурғановатанд, дар тамоми соҳаҳо пешсаф ва намунаи ибрат мебошанд.Олимон ва донишмандон дар ҷомеа бояд ҳамеша пешсафу пешоҳанг ва бунёдкор бошанд, зеро ҳеҷ кор бидуни илму дониш ҷомаи амал намепӯшад. Ҳама гуна кор ва умуман пешрафт ба роҳнамои босаводу соҳибмаърифат ниёз дорад. Аз ин рӯ, нақши зиёӣ дар тамоми давраҳо ва хусусан дар замони истиқлол хеле бузург мебошад.Наврӯз барои миллати тоҷик амсоли китоби муқаддасест, ки он таҷассумгари андеша, фалсафа, суннат, орзуву ормон, тафаккури таърихӣ, сиришти маънавӣ ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ мебошад.Дар замири ин ҷашни фархунда рӯҳи заволнопазири некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ, покизагии маънавию ҷисмонӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дӯстиву сулҳу амонӣ нуҳуфтааст.

Март 20, 2012 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд