Фаъолияти муштараки гурӯҳи кории Кумитаи андоз

Март 20, 2012 13:56

Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Анҷом додани корҳои назоративу таҳлилӣ аз омилҳои асосии ошкор намудани фаъолияти пинҳонии андозсупорандагон, пешгирии қонуншиканиҳои андоз аз ҷониби соҳибкорон ва дар ин замина ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷаи мамлакат ба шумор меравад. Дар ин робита аз ҷониби мақомоти андоз пайваста гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд. Ин навбат мутахассисони соҳа дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар асоси фармони муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати риояи талаботи қонуну қарорҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”, “Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ”, “Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот” корҳои назоративу таҳлилиро дар нуқта ва марказҳои дилхушии шабона фаъолияткунанда ба роҳ монда, дар ин самт қонуншиканиҳои зиёдро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Зимни гузаронидани як амалиёти фаврӣ дар тарабхонаи «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷамоати Русияи ноҳияи Рӯдакӣ маълум гардид, ки роҳбари тарабхона Ҷамшед Розиқов фаъолияти худро берун аз доираи меъёрҳои муқарраршудаи қонунҳои амалкунанда, махсусан қонунгузории андоз ба роҳ мондааст. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки роҳбари тарабхона Ҷамшед Розиқов дар нозироти андози ноҳияи Рӯдакӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо ҷалби 15 нафар корманди кироя ба маблағи дар як моҳ 6 ҳазор сомонӣ, ки ба ҳар як коргар 400 сомонӣ рост меояд, фаъолияти худро ба истеҳсол ва фурӯши таомҳо равона намудааст. Илова бар ин таҳлилҳо собит сохтанд, ки дар тарабхона 14 нафар раққоса бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғуланд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ин раққосаҳо ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо ҳуҷҷати соҳибкорӣ-патент ба маблағи 3 458 сомонӣ таъмин карда шуданд. Ҳамзамон нисбат ба соҳибкори инфиродӣ Ҷамшед Розиқов, бинобар сабаби риоя накардани Қарори Ҳукумати ҶТ, яъне бе истифодаи мошинаи назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ ба роҳ мондани муомилот бо пули нақд, бо дастрасии моддаи 615 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ дар шакли ҷарима тартиб дода шуда, маблағ ба буҷаи давлатӣ ворид карда шуд. Санҷиши амалиётии дигар дар маркази дилхушии “Наслаждения”, воқеъ дар кӯчаи Гипрозем 30-и ноҳияи Синои пойтахт, роҳбараш Музаффар Абдулваҳҳобов гузаронида шуд. Ин соҳибкори инфиродӣ бо ҷалби шаш нафар коргари кироя фаъолияти худро ба истеҳсолу фурӯши таомҳо, хариду фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ва хизматрасонии ҳаммомхона ба роҳ мондааст. Дар рафти санҷиш ӯ бо сабаби он ки гӯё ҳуҷҷатҳояшро корманди шӯъбаи корҳои дохилии рақами 1 ноҳияи Сино барои омӯзиш гирифтааст, доир ба фаъолияти соҳибкорӣ ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда натавонист. Дар вақти тафтиши нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртии маркази дилхушии “Наслаждения” маълум шуд, ки соҳибкор 51 адад машруботи зераксизиро ба маблағи умумии 625 сомонӣ бе доштани тамғаи аксизӣ ба фурӯш гузоштааст, ки ин амали соҳибкор хилофи талаботи Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти рақами 583 “Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот” маънидод мегардад. Дар натиҷа маҳсулоти зераксизии номбурда мусодира шуд. Аз сабаби он ки соҳибкор Музаффар Абдулваҳҳобов аз додани маълумот, баёнот ва имзо гузоштан ба санади тартибдодашуда даст кашид, гурӯҳи корӣ барои андешидани тадбирҳои дахлдори қонунӣ аз нозироти андози ноҳияи Сино парвандаи соҳибкори мазкурро талаб намуд. Рафти омӯзиши парванда нишон дод, ки соҳибкор аз моҳи декабри соли 2011 инҷониб ба нозироти маҳал эъломияҳои андозро пешниҳод накардааст. Илова бар ин дар парванда шартномаи ягон нафар корманди кироя вуҷуд надорад. Соҳибкор барои пешниҳод накардани эъломияҳои андоз ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҳамчунин аз объекти андозбандии мазкур ба маблағи 2 250 сомонӣ андози иловагӣ ҳисоб карда шуд. Гурӯҳи корӣ фаъолияти худро ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ ва риояи қонуну қоидаҳои амалкунанда аз ҷониби андозсупорандагон дар маркази дилхушии “Симин”, воқеъ дар кӯчаи Шестопалова, 7 ноҳияи Сино давом дод. Дар ин тарабхона соҳибкори инфиродӣ Тоҳир Ҳақназаров ба фаъолияти хариду фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ва клуби рақсӣ машғул аст ва дар нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ҳамзамон бо иҷозатномаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариду фурӯши машруботи спиртӣ низ таъмин карда шудааст. Дар вақти санҷиш аз нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ 22 адад машрубот бе тамғаи аксизӣ ба маблағи 525 сомонӣ ошкор шуда, нисбат ба соҳибкор барои ин амалаш мутобиқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ шуда, маҳсулоти мусодирашуда ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» супорида шуд. Ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурии мо шахсоне зиндагӣ доранд, ки фаъолияти соҳибкориро танҳо ба манфиати шахсӣ истифода мекунанд ва бо ҳар роҳу восита аз пардохти андозҳо канораҷӯӣ менамоянд, ба пинҳонкунии андозҳо роҳ медиҳанд ва дар маҷмӯъ маблағи андозҳоро ба буҷа ворид кардан намехоҳанд. Соҳибкорон набояд фаромӯш созанд, ки бо мақсади пешгирии чунин амалҳо Кумитаи андоз мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста санҷишҳои амалиётиву ҳуҷҷатиро ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳои андоз бо истифода аз ваколатҳои худ тамоми тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро меандешад ва дар ин замина барои пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва шукуфоиву ободии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузорад.

Март 20, 2012 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст