Форсизабонҳо маркази муштарак созмон медиҳанд
Душанбе, 14 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик дар кишварҳои форсизабон- Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон маркази муштараки пажӯҳиши Наврӯз созмон дода мешавад. Ин пешниҳодро 14 марти соли равон Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷараёни баргузории конфронси илмии «Наврӯз ҷашни байналмилалӣ» ироа кард. Зикр гардид, ки маркази муштарак бо мақсади омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни ҷашни байналмилалии мардумони ориёинажод -Наврӯз таъсис дода шуда, он дар таҳкими ҳамгироӣ, равобити илмию фарҳангии на танҳо кишварҳои форсизабон, балки дигар давлатҳои ҷаҳон, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, нақши бориз хоҳад гузошт. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби намояндагони кишварҳои Афғонистону Эрон низ хуш истиқбол гардид. Аз ҷумла, Алиасғари Шеърдӯст, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешниҳодро беҳтарин иқдом арзёбӣ кард ва гуфт: мо барои созмон додани маркази муштараки омӯзиши Наврӯз саъю талош менамоем.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






