Гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар»). – Дар нимаи аввали имрӯз гуфтугӯӣ телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти интихобшудаи Федератсияи Русия Владимир Путин сурат гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон В.В.Путинро бо ғалабаи комилаш дар интихоботи Президенти Федератсияи Русия, ки 4 марти соли 2012 баргузор гардид, аз самими қалб муборакбод намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба В.В.Путин дар мансаби нав комёбию муваффақиятҳои нав орзӯ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории самарабахши байни Русия ва Тоҷикистон ба нафъи мамлакату халқҳоямон густариш меёбад ва мустаҳкам мегардад.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






