Хати нави оби нӯшокӣ
Суғд, 9 март. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва саҳми соҳибкор, сарвари хоҷагии деҳқонии «Ғузни Калон» Аброр Зиёвуддинов сокинони мавзеи Фирдавсии ҷамоати деҳоти Оббурдон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шуданд. Барои бунёди хати оби нӯшокии 8 километра аз мавзеи Навобод то маҳаллаи Фирдавсӣ аз буҷаи маҳаллӣ 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гашт. Як қисми корҳо бо маблағи соҳибкор Аброр Зиёвуддинов ва ҳашари аҳли хоҷагӣ ба сомон расид. Дар ҳар мавзеи маҳалла шумораи лозимии ҷойҳои обгирӣ аз хати оби нӯшокӣ сохта шуд. Сарчашмаи об ду чоҳи амудӣ ва ҳавзу манораи обҷамъкунии мавзеи Навобод буда, кашидани хати оби нӯшокии тоза боиси ҳалли мушкилоти сокинон гардид.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






