Иқдоми наҷиби дӯстдорони табиат
Рашт, 5 март. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).-Зимистони имсола дар кӯҳистони Рашт беандоза сангин омад. Баландии барф дар мавзеъҳои кӯҳӣ то ба 2 метр расид. Ин пеш аз ҳама ба ҳалокати паррандаҳои нодир таҳдид намуд. Мушкилоти ҷойдоштаро дӯстдорони табиат дарҳол пай бурда, пайи наҷоти он талош варзиданд, ки паррандаҳо аз беғизоӣ ба нестӣ нараванд.Бо ташаббуси раиси Кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Рашт Мирзохӯҷа Ғиёсов ва раиси кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи кишоварзӣ Рустамҷон Раҳмонов хонандагони мактаби №1-и шаҳраки Ғарм ба иқдоми наҷиб даст заданд. Онҳо зиёда аз 100 киллограм донро ба пуштакӯҳҳо бароварда, болои барфи азим пошиданд, то ки паррандаҳо аз онҳо истифода баранду аз нестшавӣ раҳоӣ ёбанд.Ин ташаббус аз тарафи дигар хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия дастгирӣ ёфт. Аз ҷумла, толибилмони таълимгоҳҳои деҳоти ба номи Б.Раҳимзода, Қалъанак ва Ҷафр ба ин иқдом пайравӣ намуда, беш аз 860 кг донро ба мавзеъҳое, ки аз тарси гуруснагию сармо паррандаҳо паноҳ мебурданд, бурда пошиданд. Барои амалӣ намудани чунин нияти нек дӯстдорони табиат хонандагони мактаби №1 Р. Ҳикматуллоев, У.Раҷабалиев, Ш.Сафарбекова ва У.Асоева бо ифтихорномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва иттифоқи касаба сазовор гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






