Иҷлосияи ҳаштуми ММ МО ҶТ

Март 29, 2012 14:56

Душанбе, 29 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор гардид. Тибқи иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар иҷлосия 50 масъалаи ҳаётан муҳим, ки ба рушди минбаъдаи бахшҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии кишвар мусоидат менамоянд, мавриди баррасӣ ва ҷонибдорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»-ро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни ташреҳи моҳияти масъалаҳои зикршуда раисони кумитаҳо, муовинони раисони кумитаҳои палатаи болоии парлумон ва аъзои он зикр намуданд, ки ҳадафи қонунҳои мазкур такмили қонунгузории кишвар, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди иқтисодиёти миллӣ бо назардошти ҷалби сармоягузорӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи кишвар, воридоти таҷҳизоти муосир бо содда намудани расмиёти гумрукӣ, тақвияти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, таъмини адолати судӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Март 29, 2012 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд