Иҷрои шартҳои иҷозатномавӣ барои истифодабарандагони қаъри замин ҳатмист!

Март 28, 2012 17:34

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»). — Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34-ширкати ватанӣ ва хориҷӣ бо 72 иҷозатнома дар бахши омўзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ кор ва фаъолият доранд.Мутаасифона дар фаъолияти як қатор ширкатҳо камбудиҳо ҷой дошта, шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби онҳо риоя намегардад. Саридораи геология ҳамчун мақоми иҷроияи иҷозатномадиҳанда аз рафти иҷрои шикорҳои иктишофию геологӣ дар объектҳои иҷозатномавии ширкатҳо назорати геологӣ мебарад. Аз ҷумла дар фаъолияти ширкатҳои ҶДММ «Сарват», РММ СА «Minerals», ҶДММ «Синержӣ», ҶСК «Ростокмет» ва ҶДММ «Марвис» риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ошкор гардид. ҶДММ «Сарват» 4 сол боз иҷозатнома дар даст дорад, вале дар фаъолияташ ба истиснои ҷамъоварии маводи фонду бойгонӣ дар дигар корҳои бевоситаи геологӣ саҳме нагузоштааст. Мутобиқи лоиҳаи корҳои ҷустуҷўи ва арзёбии зуҳуроти Румрӣ, дар ин муддат ҷамъият ҳатто 50%-и корҳои дар лоиҳа нишондодашударо, ки маблағи 3274353 сомониро ташкил медиҳад, иҷро накардааст. Ҳол он ки мўҳлати амали иҷозатнома баъди камтар аз як сол ба анҷом мерасад. Маҷлисҳои ҳайати мушовараи Саридора, ки 25.01.2011с. ва 4.10.2011с. баргузор гардида буданд, ба фаъолияти солонаи ин ҷамъият баҳои ғайриқаноатбахш доданд. Камбудиҳо ва вайронкунии шарту талаботи иҷозатнома аз ҷониби ҶДММ «Сарват» ба он оварда расонид, ки Саридораи геология Лоиҳаи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мувофиқа бо вазоратҳои дахлдор оид ба боздошти амали иҷозатномаи ҶДММ «Сарват» ба мўҳлати 3 моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.Бояд қайд намоем, ки баъзе ширкатҳо иҷозатномаи истифодаи сарватҳои зеризаманиро бо мақсади кор ва фаъолият дар бахши корҳои геологӣ сарфи назар намуда, ҳадафи аслии онҳо пешниҳоди иҷозатнома ба дигар ширкатҳо мебошад. Аз рўи маълумот ва ҳуҷҷатҳои мавҷуда, ҶДММ «Сарват» корхонаи фаръии ширкати «Zarmadan Resources Corporation» шуданист. Ширкати «Zarmadan» корҳои лоиҳавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҶДММ «Сарват» амалӣ карданист. ҶДММ «Сарват» бо ширкати «Zarmadan Resources Corporation» тасмим гирифтаанд, ки то 31-марти соли 2013 саҳмияҳои худро ба ширкати «Morano Resources Limited» гузашт кунанд. Инчунин ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар бораи аз тариқи судӣ бозхонд намудани иҷозатномаи ҶДММ «Марвис» ва ҶДММ «Синержӣ» омода буда, рӯзҳои наздик дар суди иқтисодӣ баррасӣ карда мешаванд. Мавод доир ба бозхонди иҷозатномаи РММ СА«Minerals» ва Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Ростокмет» дар кони сулфури «Ингерчак» барои вайрон кардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудаанд. Гуфтан бамаврид аст, ки тибқи қонунҳои муқарраргардида иҷозатнома танҳо барои амалӣ намудани шартҳои дар он зикргардида дода шудааст. Дар айни замон барои омўзиши геологӣ дар 39 мавзеъи нав аз 1 то 10 довталаби ватанию хориҷӣ муроҷиат намудаанд. Қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои сармоягузоронро пурра ҳимоя мекунанд, агар талаботи Қонун риоя ва манфиатҳои иқтисодии тарафайн ба инобат гирифта шаванд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Март 28, 2012 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд