Иловаи маблағ барои «Наврӯзгоҳ»
Душанбе, 7 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» воридоти нишастгоҳҳо ва конструксияҳои оҳанин барои «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Лоиҳаи қонуни мазкурро 7 марти соли равон палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул намуд. Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири молияи ҷумҳурӣ зарурати қабул ва ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012»-ро ташреҳ дода гуфт, ки ҳадафи он фароҳам овардани шароити хуби фароғатию истироҳатӣ барои шаҳрвандону меҳмонон, харидорӣ намудани таҷҳизоту конструксияҳо барои «Наврӯзгоҳ», инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз аст. Вазири молияи кишвар афзуд, ки маблағи умумии воридоти таҷҳизот барои «Наврӯзгоҳ» 4, 3 миллион сомониро ташкил дода , ҳангоми қабули лоиҳаи қонуни мазкур озодшавии пардохтҳои гумрукӣ 860 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда 820 ҳазор сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки соли равон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд бо иштироки меҳмонон ва ҳайатҳои баландпояи кишварҳое, ки ин ҷашни бостониро таҷлил менамонд, истиқбол мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






