Интихоби дабири кули Шӯрои ВАО
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо иштироки раиси шӯрои мазкур ва кормандони дастгоҳи иҷроия ҷаласа баргузор гардид. Тавре ки Зинатулло Исмоилов, роҳбари ин ниҳод хабар дод, дар он нақшаи кории Шӯро барои соли 2012 муҳокима шуда, дурнамои фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан, таъкид шуд, ки соли равон таваҷҷӯҳ бештар ба ҳамкории Шӯро бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеъа равона мегардад. Бо ин мақсад гузаронидани 10 вохӯрии аъзои он бо хонандагон, шунавандагон ва бинандагон дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Шаҳритӯс, Панҷакент, Исфара ва Рашт дар назар аст. Инчунин бо мақсади ба ҷо овардани рисолати аслии шӯрои ВАО ҳалли қазияҳои нашрияҳоро то додгоҳ тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳамзамон дар нишасти мазкур раиси Шӯрои ВАО хабар дод, ки дар натиҷаи озмуни кушод барои ишғоли вазифаи дабири кулл дар асоси алтернативӣ журналист Хилватшоҳи Маҳмуд (Хоҷаев) ба ин вазифа интихоб гардид. Маврид ба ёдоварист, ки Хилватшо Хоҷаев (Хилватшоҳи Маҳмуд) таҷрибаи кории муваффақ дар ВАО-и кишварро дорад. Вай дар радиоҳои «Русское радио-Ориёно», ТВ «СМТ» ва алъон дар хабаргузории «Озодагон» ба ҳайси сардабир фаъолият карда, дар матбуоти даврӣ бо навиштаҳояш маъруф аст. Мавсуф барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ дар соли 2010 мебошад. Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 дар ҷаласаи умумии намояндагони созмонҳои журналистии кишвар таъсис ёфта, барои татбиқи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад.








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд






