Иштироки Э.Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон д ар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҷаласа сарони ҳамаи давлатҳои аъзои иттиҳод – Беларус, Руссия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва давлатҳои нозир – Арманистон, Молдова ва Украина иштирок доштанд. Мавзӯи асосии ҳамоиш баррасии принсипҳои бунёдии лоиҳаи Шартнома доир ба бозсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ё худ таъсиси як созмони нав дар заминаи он буд. Аз ин хотир ин ҳамоиш ва мавзӯи асосии он дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ раванди муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои фазои пасошӯравиро мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон таъкид дошт: «ба андешаи мо, тағйироти чунин миқёс бояд тавассути муҳокимаи васеъ бо ҷалби доираҳои коршиносии ҳамаи кишварҳои аъзо ворид карда шаванд ва ин, албатта, вақти зиёдро талаб мекунад». Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор намуд, ки зимни дигаргунсозиҳои оянда тартиботи судманди дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалкунанда бояд нигоҳ дошта шаванд. Сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки масъалаи дигаргунсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавриди омӯзишу баррасии васеъ қарор дода шавад. Муҳокимаи масоили вобаста ба оғози фаъолияти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ки 1 феврали соли равон таъсис ёфта буд, низ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиш буд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ҳамоиш ва қарорҳои дар он қабулшуда ба раванди мутаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои аъзои иттиҳод такон мебахшад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






