Иттилои фаврии Кумитаи амният

Март 7, 2012 09:47

Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли равон силсилаи чорабиниҳои махсусро анҷом доданд, ки дар натиҷа кӯшишҳои зиддиқонунии қочоқчиёни маводи мухаддир барбод дода шуда, аз онҳо даҳҳо килограмм маводи нашъадор мусодира гардиданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи амалиёти махсус дар худуди шаҳри Душанбе шаби 29 феврал шаҳрванд Маҳмадалиев Нуралӣ Қурбонназарович, соли таваллудаш 1968, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб бо мошини шахсиаш боздошт гардида, аз бордони мошини ӯ 37 килограмму 190 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 4 килою 600 грамм героин ва 32 килою 500 грамм чарс дарёфт ва мусодира карда шуд.Ҳангоми амалиёти фаврию ҷустуҷўӣ дар ҳудуди шаҳри Кўлоб кормандони ГФ КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон шаҳрвандон Лиқоев Раҳматулло Гурезович, соли таваллудаш 1972, зода ва сокини шаҳри Кўлоб, ки қаблан 3 маротиба суд шудааст ва Сангкан Давлатёров, соли таваллудаш 1953, сокини ноҳияи Ваҳдатро бо гумони интиқоли силоҳи оташфишон — таппончаи Макаров боздошт намуданд. Тафтиши минбаъда муайян сохт, ки номбурдагон бо шаҳрванд Зафар Раҷабов маслиҳати пешакӣ анҷом дода, ният доштанд, ки бар ивази таппонча ва 1000 доллари ИМА тавассути қочоқчиёни афғон маводи мухаддир дастрас намуда, баъдан онро ба вилояти Суғд интиқол диҳанд. 2-юми марти соли 2012 ҳангоми интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон қочоқчии афғон Аловиддин валади Шарафиддин, сокини улусволии Хоҳони вилояти Бадахшон дар роҳи Анҷироб-Хирманҷойи ноҳияи Шӯрообод безарар гардонида шуд. Дар ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников бо 3 тирдону 90 дона тир, 1 килограмму 700 грамм маводи сахттаъсири героин, 27 килограмму 270 грамм бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар ҷараёни амалисозии чорабинии махсус дар ҳудуди шаҳри Кўлоб шаҳрванд Зафарҷон Баҳромович Раҷабов, соли таваллудаш 1985, зода ва сокини ноҳияи Панҷакент, донишҷӯйи соли 2-юми шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи технологии шаҳри Маскав дастгир гардида, аз бордони мошини шахсии ӯ маводи нашъадор дарёфт шуд.Инчунин ҳангоми баргузории боз як амалиёт дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир шаҳрванд Шаҳриёр Маҷидович Бухориев, соли таваллудаш 1982, зода ва сокини деҳаи Кишти ҷамоати Ёли ҳамин ноҳия, ки ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, боздошт гардид. Ҳангоми кофтуков аз номбурда 23 бастаи селофанӣ бо маводи сабзтоби бӯйи махсусдошта ёфта гирифта шуд. Ташхиси минбаъда нишон дод, ки маводи мусодирашуда бангдона буда, вазни умумии он 11 килограммро ташкил медиҳад.Амалиёти дигари фаврию ҷустуҷӯйӣ шаби 29 феврали соли равон аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва сарҳадбонон дар ҳудуди дидбонгоҳи «Кокул»-и ноҳияи Фархор гузаронида шуд. Ҳангоми пешгирӣ ва барбод додани нақшаи зишти қочоқбарон оид ба интиқоли маводи мухаддир ба самти Тоҷикистон, ин «меҳмонони нохонда» ба иштирокчиёни амалиёт муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ қочоқчии афғон Эмомхол валади Шомаҳмуд безарар гардонида шуда, шарикони ӯ ба самти муқобил фирор намуданд. Субҳи 1 март дар ҷойи ҳодиса 1 борхалта бо 9 килою 50 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира гардид.Дар айни замон аз рӯйи ҳамаи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот давом дорад.Дар маҷмӯъ, аз аввали соли 2012 кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 300 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд.Бояд тазаккур дод, ки нафароне, ки ҷинояти вазнини қочоқи маводи мухаддирро содир мекунанд, шаъну шарафи оила, авлод, деҳкадаю ноҳия, шаҳру вилоят, оқибат обрӯю нуфузи ҷумҳурӣ ва миллатро паст мезананд. Ин қабил ашхос баъди даст задан ба аъмоли зишту нангини нашъаҷаллобӣ бояд мутмаин бошанд, ки кирдори зиддиқонунии онҳо тавассути фаъолияти густурдаю ҷонкоҳонаи сохторҳои қудратии кишвар сари вақт пешгирӣ ва барбод дода шуда, ҷинояткорон тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Оқибати кулли ҷиноятҳо маҳкама ва пушаймонӣ аст.

Март 7, 2012 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд