Кӯмак ба аҳолии минтақаи баландкӯҳ

Март 23, 2012 12:02

Душанбе, 23 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бо истифода аз Бунёди махсуси вокуниш ба ҳолатҳои изтирорияш (ДРЕФ) ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати ироаи маводи ғизоӣ ба хонаводҳои ниёзманди ноҳияи дурдасти Мурғоб кӯмак мерасонад. Aбдулфаттоҳ Шафиев, мушовир дар масоили тамос бо ҷомеаи ФБҶ СС ва ҲА /ҶҲАТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки кӯмаки маводи ғизоӣ (орд, равғани растанӣ, шакар ва чой) ба 500 нафар хонаводаҳои серфарзанд, пирони танҳо ва оилаҳое, ки саробонашон зан аст, дар зарфи чор моҳ расонида мешавад. Бӯҳрони ахири молӣ ва ғизоӣ дар ҷаҳон, гаронии арзиши сӯзишворӣ, мушкили роҳҳо ва сардии шадиди зимистони имсол ба амнияти ғизоии мардуми Тоҷикистон низ таъсир расонид. Тибқи натиҷаи пажӯҳишҳои созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милал, ин мушкилот бештар аз ҳама ба мардуми ноҳияи Мурғоб таъсир расонидааст. Ноҳияи Мурғоб, ки яке минтақаи дурдасти кӯҳии Тоҷикистон аст, аз Хоруғ 350 километр ва аз Душанбе 843 километр дур мебошад. Мурғоб дорои 14 000 аҳолӣ буда, 51%-ро занон ташкил медиҳанд. Вобаста ба иқлими Мурғоб мардуми он имкони кишти маҳсулоти ғизоиро дар заминҳои худ надоранд, манбаи асосии даромадашон қутоспарварӣ аст. Сардиҳои ахир сокинони ноҳияро водор кард, то аксари пасандозҳои худро барои харидории ҳезум ва ангишт сарф намоянд. Маводи ғизо ба ин ноҳия асосан аз Хоруғ ва ба Хоруғ аз Душанбе оварда мешавад, ки дурии роҳ ва мушкилии нақлиёт ба арзиши баланди маводи ғизоӣ бетаъсир намемонад. Баҳогузории вазъ дар Мурғоб дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ва раисони ҷамоатҳо гузаронида шудааст. Бо назардошти вазъ, дархости ДРЕФ барои харидорӣ, интиқол ва тақсими маводи ғизо ба осебпазиртарин оилаҳои шаш ҷамоати ноҳияи Мурғоб масраф хоҳад шуд. Раванд тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкори бо мақомоти маҳаллӣ ва раҳбарони ҷамоатҳо иҷро мегардад. Омӯзиши 200 ихтиёрӣ ҷиҳати доир намудани баҳогузории амнияти ғизоӣ дар 20 ноҳияи осебпазири дигар низ доир хоҳад шуд. Қарор аст, ин амалиёт чор моҳ идома хоҳад ёфт.

Март 23, 2012 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад