Кӯмаки Ҷопон ба Хатлон

Март 19, 2012 15:35

Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ду лоиҳаро маблағгузорӣ намуд, ки лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Фархор мебошад. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо 212.524 доллари ИМА буда, ҳар ду муваффақона ба итмом расиданд.16 марти соли 2012 Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб дар маросими баҳрабардорӣ аз “Лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Сомониёни ҷамоати “Зарбдор”-и шаҳри Кӯлоб” ширкат намуданд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур сохтмони шабакаи об тавассути қубурҳои об дар масофаи 3,2 км, ду обкаш бо иқтидори 200 м3/соат ва тоза намудани ду чоҳ анҷом ёфт. Зиёда аз 7000 сокини панҷ деҳа, инчунин осебдидагони шаҳраки нави минтақаи Кӯлоб, мактабҳо, марказҳои саломатии минтақа соҳиби оби тоза шуданд. Дар назар аст, ки лоиҳа дар коҳиши касалиҳои сироятӣ ва беҳтар намудани шароити зисти осебдидагони офати табиии Кӯлоб вазифаи муҳимро иҷро менамояд.Худи ҳамон рӯз Сафири Ҷопон Хиройуки Имахашӣ ва Қурбонбой Каримов, раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар маросими баҳрабардорӣ аз “Лоиҳаи барқарорсозии шӯъбаи касалиҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Фархор” ширкат варзиданд.Шӯъбаи касалиҳои сирояткунандаи бемористони маркази ноҳияи Фархор аз солҳои 1970 то инҷониб таъмир нашудааст ва илова бар ин, девору фаршҳои фарсуда, норасоии таҷҳизоти тиббӣ барои табобати муносиб дар бемористон мушкилӣ пеш меовард.Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа барқарорсозии бемористон ва насби таҷҳизоти тиббӣ барои касалиҳои сирояткунанда ба мисли стерилизатор ва термостат ҷиҳати беҳбуди фаъолияти шӯъбаи касалиҳои сироятӣ дар коҳиш ва пешгирии касалиҳои сирояткунанда дар ноҳияи Фархор мусоидат менамояд. Дар натиҷа бемористон ҳамасола зиёда аз 1000 беморро дар ин минтақа бо табобат фаро мегирад.Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад.

Март 19, 2012 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд