Калиди эҳёи «Шоҳроҳи абрешим»

Март 9, 2012 17:40

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар доираи баргузории намоишгоҳи байналмилалии туристӣ- ITB Берлин-2012 таҳти васояти Созмони ҷаҳонии туристӣ зери роҳбарии Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ ҷаноби Толиб Рифоӣ конфронси вазирони туризми кишварҳои аъзои Барномаи «Шоҳроҳи абрешим» баргузор гардид. Дар конфронс Раиси Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов сухан гуфта, доир ба корҳои анҷомдода дар рушди туризми мамлакат, аз ҷумла ҷорӣ намудани тартиби соддаи гирифтани раводид барои шаҳрвандони беш аз ҳаштод кишвари олам, бардоштани бақайдгириҳои иловагӣ, паст кардани нархи раводид, рушди инфрасохтори туристии мамалакат ҳарф зад. Аз ҷумла иброз гардид, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта, ҳамчун кишваре, ки дар сайрхати «Шоҳроҳи абрешим» кишвари калидӣ ба ҳисоб меравад, ҷонибдори эҳёи ҳарчи зудтари ин шоҳроҳи бузург аст ва танҳо дар сурати даркушоӣ ва сиёсати дарҳои кушод эҳёи ин шоҳроҳи бузурги таърихӣ имконпазир мегардад. Дар конфронс иштирокчиёни кишварҳои аъзои Барномаи эҳёи «Шоҳроҳи абрешим» аз котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ дархост карданд, ки барои амалӣ шудани нақшаҳои ин шоҳроҳ сарпарастии онро бар ўҳда гирад.

Март 9, 2012 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад