Китоб – махзани дониш
Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст. Боиси хушҳолӣ ва хеле рамзист, ки дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ сурат гирифт, ки он дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ калонтарин мебошад. Роҷеъ ба фаъолияти минбаъда ва шароиту сатҳи хизматрасонии Китобхонаи миллӣ рӯзноманигор Дилшодаи Хайруллоҳ бо Шариф Комилзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусоҳиба намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем. — Мӯҳтарам Шариф Комилзода, мехостем назари Шуморо роҷеъ ба самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи нав, масоҳат ва ғунҷоиши фонди китобӣ бифаҳмем? Китобхона чаҳор самти фаъолият: китобнигоҳдорӣ, хониш, хизматрасонӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиро ба танзим медарорад. Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дорад. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши фонди китобӣ, фарогирии хадамоти китобдорию иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Бино бо воситаҳои замонавии ҳамлу нақли бор, эскалатор, лифт, таҷҳизоти мушоҳидавию гармидиҳӣ, ҳаворасонию шамолдиҳӣ, хабардиҳию сӯхторхомӯшкунӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинои нави Китобхона барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз фонди умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро 6179338 нусха маводи чопию электронӣ ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб: 3089689 нусха – фонди асосии КМТ; 2589649 нусха – китобҳои эҳдошуда аз аҳолӣ; 500000 нусха – китобҳои электронӣ. Фонди китобҳо дар 28 махзани нигаҳдории ҳуҷҷатҳо ҷойгир карда шудааст. Кадом шароитҳо барои хонандагон ва кормандони Китобхона муҳайё карда шудааст? Китобхона дорои толорҳои хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар намудҳои асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ, ки ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ аст, мебошад. Аз ҷумла, 25 толори хониш барои хонандагон, ки дар онҳо 1458 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Аз ин ҳисоб 274 таваққуфгохи автоматикунонидашудаи корӣ барои хонандагон ҷудо гардидааст. Китобхона дорои 3 намоишгоҳи китоб: осорхонаи китоб барои ба намоиш гузоштани дастхатҳои қадима ва китобҳои нодир; галереяи китоб барои созмондиҳӣ ва баргузории намоишгоҳҳои китоб доир ба соҳаҳои мухталифи дониш ва намоишгоҳи китобҳои тозанашр мебошад. Имрӯз дар ин се намоишгоҳ беш аз 2500 китоб ба намоиш гузошта шудааст. Дар Китобхона 9 маҷлисгоҳ ва толорҳои баргузории ҷаласаву симпозиумҳо, ки дорои 1100 ҷойи нишаст мебошад, ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Инчунин барои хонандагон 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ ва 558 ҷойи таомхӯрӣ дар ошхонаҳои китобхона муҳайё карда шудааст. Барои кормандони китобхона 312 таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ бо компютерҳо чиҳозонида шудааст. Дар сохтори Китобхона кадом бахшу шӯъбаҳои нав ба фаъолият шурӯъ мекунанд? Дар сохтори Китобхонаи нав илова ба бахшу шӯъбаҳои амалкунанда, шӯъбаҳои нав, аз қабили «Шӯъбаи менеҷ¬мент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ», «Шӯъ¬баи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ», «Шӯъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо», «Шӯъ¬баи табъу нашр», «Шӯъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмӣ», «Шӯъбаи хизматрасонӣ ба маъю¬бон», «Шӯъбаи котибот», «Шӯъбаи уму¬¬мӣ», «Шӯъ¬баи хадамоти бино ва иншоот», «Шӯъбаи хадамоти гармидиҳӣ ва тех¬никаи санитарию бехатарӣ», «Шӯъбаи истифодабарӣ ва хизматрасонии электротехникӣ», «Шӯъбаи истифодабарии техникӣ ва хизматрасонии коммуналӣ» ва 4 мар¬кази соҳавии «Тоҷикшиносӣ», «Ко¬ну¬ни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ», «Иттилооти ҳуқу¬қӣ», «Такмили ихтисоси корман¬до¬ни китобхонаҳо» ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Барои гурӯҳҳои алоҳидаи хонандагон, аз ҷумла маъюбон, нобиноён ва шахсони имконияти биноияшон маҳдуд шӯъбаи нави “Хизматрасонӣ ба маъюбон”, толорҳои хониши махсусгардонидашуда ва бунёди фонди китобҳои савтӣ (гӯёӣ) ва китобҳо бо алифбои Брайлер пешбинӣ шудааст. Бо ба истифода додани бинои нави Китобхона дар фаъолияти он кадом навгониҳо ҷорӣ карда мешаванд? Мавриди истифода қарор дода шудани бинои нави Китобхона имконоти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши виртуалӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ доир ба ҳама намуди маҳсулоти чопӣ ва нусхаҳои хаттӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагони муқимӣ ва ғоибхонро ба фондҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин менамояд. Инчунин дар фаъолияти китобхона низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ татбиқ мегардад. Китобхонаи нав ҳамчун маркази бузурги илмиву фарҳангӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи маҷмӯи асноди дар ҳамаи намудҳои имконпазир интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои қаламӣ, чопӣ), электронӣ (дар компютер, компакт дискҳо), савтӣ (китобҳои гӯё, овоздор), виртуалӣ (дастёбӣ ба захираҳои Интернет) имконоти бештарро дар ихтиёр дошта, барои баланд бардоштани нақш ва мақоми китобу китобхона дар ҳаёти ҷомеа, рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ, китобхонӣ ва маърифати илмию фарҳангии аҳолӣ шароити мусоид муҳайё месозад. Низоми автоматикунонидашудаи раванди китобдорию иттилоотӣ тибқи кадом барномаҳо амалӣ мешавад? Низоми автоматикунонидашудаи раванди китобдорию иттилоотӣ имрӯз дар асоси яке аз барномаҳои маъмул ва дар соҳаи китобдории ҷаҳонӣ санҷидашуда «Aleph» (Алеф) ба роҳ монда шуд. Барномаи мазкур аз ширкати ExLibris дастрас карда шудааст. Ин барнома аз ду қисми асосӣ иборат буда, қисми якум барои кормандони китобхона ва қисми дуюм барои истифодабарандагон пешбинӣ шудааст. Ҳарду қисми барнома бо ҳамдигар алоқаи ногусастанӣ дошта, аз як манбаи маълумот истифода мекунанд. Қисми якуми барнома фарогири 5 амалиёт буда, ҳар яке аз онҳо вазифаҳои ба худ хосро иҷро менамоянд ва дар таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи кории китобдор пайваст мебошанд, яъне барқарор карда шудаанд. — амалиёти якум маъмурияти бақайдгирии китобҳоро иҷро намуда,вазифаи такмили (пурракунии) фондро таъмин менамояд. Ин амалиёт бо таври автоматӣ маводи ба фонд воридшударо номнавис мекунад. — амалиёти дуюм вазифаи феҳристнигориро иҷро намуда, маводи бақайдгирифташударо ба барнома ворид месозад. — амалиёти сеюм раванди хизматрасонӣ ба хонандагонро таъмин месозад, яъне бақайдгирӣ ва ба узвияти китобхона пазируфтани хонандагон, ба онҳо супоридани чиптаи хонандагӣ ва ба низомдарорию нигаҳдории маълумотҳои фардии хонандагон дар пойгоҳи (базаи) маълумотҳо. Илова бар ин ин амалиёт ҷараёни қабули дархости хонандагон ва қонеъ намудани талаботи онҳоро таъмин менамояд. — амалиёти чаҳорум ҷараёни хизматрасонӣ ба хонандагонро дар бахши абонементи байни китобхонаҳо ба низом медарорад. — амалиёти панҷум «Маъмурият» ном дошта, барои назорат ва ворид сохтани тағйироту иловаҳо ва вазифаҳои нав ба амалиёте, ки барои кормандони китобхона пешбинӣ шудаанд, таъйин шудааст. Ҳамаи 5 амалиёти номбаршуда қисми якуми барномаи Aleph мебошанд ва барои кормандони китобхона пешбинӣ шуда, танҳо дар компютерҳои онҳо муқаррар карда мешавад. Қисми дуюми Барнома «ОРАК» (опак) ном дошта, барои хонандагон пешбинӣ шудааст. Бо истифода аз ин барнома хонандагон бевосита метавонанд аз феҳристи электронӣ истифода карда, китоби лозимиро ҷустуҷӯ кунанд ва ҳамзамон онро барои мутолиа дархост намоянд. Инчунин, кормандони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» барномаи компютерии таҳия ва истифодаи «Феҳристи китобҳои электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-ро тартиб доданд. Бо истифода аз ин барнома хонандагон метавонанд дар шабакаи дохилии компютерҳои китобхона адабиёти лозимиро тибқи ному насаби муаллифон ва ё унвони асар дарёфт намуда, онро мавриди истифода қарор диҳанд. Илова бар ин китобхона тибқи шартнома бо ширкати байналмилалии EUROMONITOR INTERNATIONAL захираи электронии ин ширкатро ба ихтиёри хонандагони китобхона вогузор кардааст ва бо истифода аз ин захира хонандагони китобхона имкон доранд, ки ба 8 миллион маълумоти омории муқоисавию байналмилалӣ доир ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт, демография ва ҷуғрофияи 205 мамлакати ҷаҳон ошноӣ пайдо намоянд. Инчунин хонандагони Китобхонаи миллӣ ба 400 ҳазор матни электронии рисолаҳои номзадию доктории Фонди электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Русия дастрасӣ доранд. Дар навбати худ Китобхонаи миллӣ тавассути веб-сайти www.nlrt.tj барои хонандагони виртуалӣ имкони паҳн намудани манобеи электронии худро дорад.Ташаккур барои сӯҳбат!Мусоҳиб Дилшодаи Хайруллоҳ