Л. Занниер: «Коре кунем, ки Афғонистон на макони нооромӣ, балки макони амн бошад»

Март 27, 2012 17:29

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби генералии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Занниер мулоқот намуд.Пас аз мулоқот Ламберто Занниер андешаҳояшро аз ин мулоқот ба хабарнигорон чунин баён дошт: «Мо бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот масъалаҳои бисёр муҳимеро, ки дар мадди назари мо буд ва дурнамои ҳамкориҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо Тоҷикистонро мавриди баррасӣ карор додем.Дар баробари ин масоили умдае, ки дар Конфронси Душанбе доир ба Афғонистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт дар ҷараёни мулоқоти мо баррасӣ шуд». Вай афзуд, ки интизор меравад дар соли 2014 нерӯҳои низомии байналхалқӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд ва дар заминаи ин сиёсат Афғонистон ба тағйир мувоҷеҳ гардад. «Мо бояд коре кунем, ки Афғонистон дар минтақа на макони бесуботиву нооромӣ, балки як макони амн бошад. Албатта, дар ин замина мушкилоти зиёд вуҷуд дорад, ки ин чолишҳо на танҳо марбути минтақа бошанд, балки бо ёрии ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи ҳалли худро пайдо кунанд. Аз ин рӯ, мо бар онем, ки тамоми талошҳо ва кӯшишҳои ҷомеаи байламиллалӣ нисбат ба Афғонистон ҳамоҳанг шаванд ва танзим ёбанд», — афзуд Ламберто Занниер.Вай инчунин изҳор дошт: ман ба ҷаноби Презедент ишора кардам, ки мо дар ин ҷо тамоми имкониятҳои лозимиро аз тарафи САҲА сафарбар кардаем ва ҳамчунин тамоми кишварҳои марбутаи минтақаро дар назар дорем, ки даъват бикунему ба таври муштарак масоилро баррасӣ намоем.Бояд гуфт, ки масъалаҳои бисёре дар ин замина вуҷуд доранд ва яке аз онҳо масъалаи иқтисодист, ки дар конфронс баррасӣ кардем. Мо ҳамчунин пешниҳоди Президенти Тоҷикистонро ба назар гирифтем, ки дар Душанбе як маркази таълимӣ ва омӯзишӣ барои наслҳои ҷавони Афғонистон таъсис ёбад, то битавонем ба ин васила тавонмандӣ ва донишмандии мардуми Афғонистонро тақвият бидиҳем. Котиби Генералии САҲА дар хотима гуфт: Дарвоқеъ, масъалаи ҳифзи сарҳадот аҳамияти калон дорад. Аз ин хотир, мо умедвор ҳастем, ки фаъолияти худро дар заминаи назорат ва амнсозии сарҳадот тақвият бахшем. Ман фардо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мулоқот ва дидор хоҳам дошт ва онҷо вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуда, масоили пешбурди кор дар ин самт матраҳ мегардад. САҲА дар чандин самтҳо дар инҷо кор мекунад ва яке аз андозагириҳое, ки барои мо муҳим мебошад, ин андозагирии инсонӣ ва ё тавонмандиҳои инсонӣ мебошад. Ман аз ҷумла вазъи ҳуқуқи башар ва озодии матбуотро бо ҷаноби Президент дар миён гузоштам. Ин масъала, албатта, дар тартиби кори САҲА боқӣ хоҳад монд.

Март 27, 2012 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст