Лоиҳаи қонун вазъи иҷтимоии коргаронро ҳифз мекунад
Душанбе, 5 март.(АМИТ «Ховар, Марзия Саидова).- Аъзои Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласае, ки 5 март таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт»-ро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилиро дар соҳаи ангишт муқаррар менамояд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати ба танзим даровардани назорат ва дастгирии молиявии ҳифзи меҳнат, бехатарии саноатии корҳо, салоҳияти ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳифзи иҷтимоии коргарони ба корҳои вазнин, хатарнок ва ё шароиташ зараровари меҳнат машғулбуда ва фароҳам овардани фазои сармоягузориро дар бар гирифта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мусоидат менамояд. Истифодаи самараноки ангишт барои сарфаи миқдори зиёди нерӯи барқ ва ҳифзи табиат мусоидат менамояд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






