Маркази нави иттилоотӣ

Март 12, 2012 09:54

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Сардори Маркази саломатии рақами 4-и шаҳри Душанбе Нарзулло Ҳусейнов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки лоиҳаи Оҷонсии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» дар маркази мазкур доир ба вируси норасоии масунияти бадан ВИЧ/ СПИД як маркази иттилооти таъсис дод. Маркази иттилоотӣ дар оянда барои ҳамкориҳои Маркази саломатӣ ва оҷонсии мазкур бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ кӯмак мерасонад. -Маркази иттилоотӣ имконият медиҳад, ки мутахассисҳои мо дониши худро оид ба гирифторони бемории ВИЧ/СПИД такмил дода, дар навбати худ хизматрасонии тиббиро ба гурӯҳҳои осебпазир беҳтар намоянд, ки мо аз ин хеле миннатдорем,-афзуд Н.Ҳусейнов. Оҷонсӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар бораи усулҳои нави табобати беморони гирифтори ВИЧ/ СПИД тавассути таъмини технологияи нав кӯмак мерасонад. USAID ҳамчунин ба ду маркази иттилоотии дар шаҳри Душанбе таъсисёфта се ададӣ компютер, яктоӣ ноутбук, яктогӣ принтер ва ҳамчунин ҷиҳози зарурии идоравӣ месупорад.

Март 12, 2012 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад