Модар сарчашмаи ҳаёт аст

Март 7, 2012 15:38

Роғун, 7 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид ва он бонувони собиқадори меҳнат, занони соҳибкор, заноне, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳиссагузоранд, ширкат варзиданд.Раиси шаҳр Шариф Шариф ҳозиринро бо ҷашни идона табрик гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ бахшид. Инчунин ҳунармандони Қасри фарҳанги шаҳр ба иштирокдорони базмгоҳ суруду рақсҳои дилнишин тақдим доштанд.Тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Модар дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Ҷиргатолу Тавилдара низ баргузор гардиданд.

Март 7, 2012 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд