Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия

Март 1, 2012 15:48

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки тайи чанд рӯзи ахир дар раъси ҳайъати Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти дуюми Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел қарор дошт, дар роҳи бозгашт ба Душанбе, субҳи 29 феврал дар Маскав, дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо кормандони сафорат мулоқот намуд.Вохӯриро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба Ҳ. Зарифӣ барои пайдо кардани фурсат ҷиҳати дидор бо кормандони сафорат ва мусоидату дастгирии доимии ӯ аз сафорат сипосгузорӣ намуд.Сипас Ҳ. Зарифӣ дар бораи комёбиҳои назарраси ҷумҳурӣ бо роҳбарии Президенти мӯҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолият, сиёсати муваффақонаи дохилӣ ва хориҷӣ сухан ронд.Ӯ дар бораи сиёсати берунаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, роҳандозӣ ва тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои дуру наздик ва дар ин росто аз аҳамияти хос бархурдор будани густариши робитаҳо бо Федератсияи Русия, сиёсати дарҳои боз — яъне, сиёсати сулҳҷӯёна ва дӯстонаи Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва алоқамандии он ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг изҳори андеша намуд.Тавре ки Ҳ. Зарифӣ дар иртибот ба Русия зикр кард, «Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон мебошад. Новобаста ба сару садоҳои муғризона ва мавзеъгирии шахсиятҳои алоҳида ё гурӯҳҳои ҷудогона, ин кишвар барои мо шарики стратегӣ буду ҳаст ва чунин мемонад». Ӯ зимни ёдоварӣ аз сатҳи хуби ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия, аз муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар, мушкилоти онҳо ва муҳоҷират чун падидаи ҷаҳонӣ дар ақсои олам ва танҳо хоси тоҷику Тоҷикистон набудани он низ ибрози назар кард.Вазир бо таъкид ба сатҳи хуби фаъолияти сафорати кишвар дар Русия, изҳори умед намуд, минбаъд низ сафорат дар роҳи татбиқи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ фаъолона кор гирифта, дар тавсеаи муносибатҳои дуҷониба саҳми бештар мегузорад.Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии кишвар ба консули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Садбарг Ғаниева медали «Барои хизмати шоиста»-ро, ки ӯ барои фаъолияти шоёнаш дар пешорӯи таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти кишвар бо он қадрдонӣ шуда буд, супурда, зимнан, аз кору фаъолияти самарабахши номбурда тайи солҳои зиёд дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳам дар намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа таъкид ба амал овард.Дар фарҷом, Сафири кишвар А. Достиев зимни таҷдиди изҳори сипос ва қадрдонӣ аз Вазири корҳои хориҷӣ, ӯро бовар кунонд, ки аҳли сафорат минбаъд низ пайи татбиқ ва пешбурди сиёсати берунии кишвар, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар кишвари будубош ва рушди равобити миёни Тоҷикистону Русия пайваста саъю талош хоҳанд кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд.

Март 1, 2012 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад