Мулоқоти Э.Раҳмон бо М.Аҳмадинажод

Март 24, 2012 16:57

Душанбе, 24 март. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз баъд аз зуҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси байналмилалии ҳамкории иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA) ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд. Сарони ду давлати дӯсту ҳамзабон, нахуст ҳамдигар ва мардумони Тоҷикистону Эронро бо фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз ва ҷаҳонишавии ин ҷашни пурифтихор табрику таҳният гуфтанд. Зимни суҳбати хоса ва музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, илму техника, фановарӣ, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд. Бо хушҳолӣ изҳор гардид, ки тайи даҳ соли ахир ҳаҷми умумии муомилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар зиёд гардида, ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат ва кишоварзӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятнок, тақвият ёфт. Қаноатмандӣ, ҳамчунин аз иштироки ширкатҳои эронӣ дар татбиқи барномаҳои инфрасохторӣ ва иртиботот, қабл аз ҳама роҳҳо, пулҳо, шабакаҳои об, нафт, газ, хаттҳои интиқоли барқу васоили иттилоотӣ изҳор карда шуд. Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи ҳамкории босамар дар бунёди нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳу пулҳо, ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикию нақлиётии ду кишвар, суръат бахшидан ба имконсанҷии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияити минтақавӣ сурат гирифт. Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 24, 2012 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд