Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай

Март 25, 2012 09:12

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар»). — Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ин бегоҳ барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5 – уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-5) ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд. Масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Афғонистони ҳамсоя низ нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас зимни музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд. «Мо самимона хоҳони таъмини сулҳ, амният ва суботи Афғонистон ва саодату хушрӯзии мардуми бародари он ҳастем» — таъкид дошт зимни суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: «мо ниҳоят зарур медонем, ки ҷомеаи байналмилалӣ баъди соли 2014 низ Афғонистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд». Тавре таъкид гардид, «Тоҷикистон низ дар доираи имконоти худ ба таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон саҳми намоёни худро мегузорад». Бо ёдоварӣ аз фаъолшавии хатти 220 — киловолтии интиқоли барқи Сангтӯда – Қундуз – Пулихумрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки имсол то 700 мегаватт нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон содир карда мешавад. «Тоҷикистон, ҳамчунин метавонад дар бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар Афғонистон иштироки фаъол дошта бошад», — бо итминон изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҷониби як ширкати Тоҷикистон имрӯз дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон Банди Камолхон бунёд меёбад, ки бо анҷоми он ҳудуди 80 ҳазор гектар замин обёрӣ ва наздики 300 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд. Аз ҷониби ҳамин ширкат як лоиҳаи аз ин бузургтар дар вилояти Форёб оғоз ёфтааст. Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар соли 2011 мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Афғонистон нисбат ба соли 2010 ҳудуди 2 маротиба афзуда, ба беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ расид. Дар соли 2012 ин нишондод имкон дорад то ба 250 – 300 миллион доллари амрикоӣ расонда шавад. Тайи 6 соли охир бошад мубодилаи мол қариб 40 баробар афзудааст. Бо назардошти судоварии беҳудуди лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳҳои нави оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва ғайра, ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба афзоиши ҷаҳду талош дар ин масир таъкид доштанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-5), ки рӯзи 26 март дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, имконоти хуб барои муаррифии шоистаи чунин лоиҳаю барномаҳо ба миён меоварад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 25, 2012 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд
Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Самарқанд иштирок дорад
РӮЗИ ДОНОРӢ. «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун чорабинӣ доир намуд
Соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Турсунзода ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода мешаванд
Ҳунармандони тоҷик соҳиби дипломи Фестивали байналмилалии атлас ва адрас дар Марғелон гардиданд
Дар Душанбе масоили омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ баррасӣ шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмию амалӣ оғоз гардид
Дар саросари ҷаҳон афзоиши ҳолатҳои инсулт ошкор гардид
Интернети боз ҳам бештар: оператори «Анор» тарофаҳоро такмил дод