Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Эрон
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Солеҳиро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд. Аз муҳтавои ҳамгироиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва хусусан дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки баъди анҷоми пурраи бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ба эъмори нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон шуруъ намудани ҷониби Эрон қадами устувори навбатии ду кишвари дӯсту ҳамзабон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои судбахш хоҳад буд. Зикр гардид, ки ҳоло 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд. Ҳаҷми мубодилоти молӣ миёни ду кишвар дар соли 2011 ба беш аз 204 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 102% зиёд аст. Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки тибқи имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Эрон бояд аз имрӯза ба маротиб бештар бошад. Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5-уми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон, ки даҳаи сеюми моҳи март дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






