Мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон дар Дубай
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 28 феврали соли 2012 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Раҳимҷон Носиров бо раиси Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи “Зайд ибни Султон Оли Наҳаён” Солим Убайд аз- Зоҳирӣ вохӯрд. Зимни мулоқот масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии хурди “Ванҷ” бо иқтидори 800 кВт/с, ки дар ноҳияи Ванҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, баррасӣ гардид. Бо дастгирии консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи “Зайд ибни Султон Оли Наҳаён” татбиқи лоиҳаи бунёди НБО-и хурди “Ванҷ”-ро ба ӯҳда гирифт. Дар фарҷоми гуфтушунид Солим Убайд аз- Зоҳирӣ изҳори боварӣ кард, ки чунин ҳамкориҳо ба таҳкиму густариши муносиботи дӯстонаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб саҳм мегузоранд.Ҳамчунин вохӯрии Консули генералӣ Р. Носиров бо мудири кулли Палатаи савдои Дубай Ҳамад Буамим баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот доир ба мавзӯъҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург ва инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва аморати Дубай табодули афкор карда шуд. Ҳамзамон консул Р. Носиров ба ҳамсӯҳбати худ дар бораи барномаву рӯзномаи Панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон (RECCA-V) маълумот дода, намояндагони ширкатҳои бузурги тиҷоратии Дубайро барои иштирок дар ин чорабинӣ даъват намуд. Ба ғайр аз ин, дар Дубай мулоқоти Консули генералӣ Раҳимҷон Носиров бо Мудири намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай Абдураҳмон Аҳмад Аш- Шамлон барпо шуд. Зимни сӯҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди муҳокима қарор гирифт. Р. Носиров ҳамсӯҳбати худро бо рӯзномаву барномаи Конфронси RECCA-V, ки 26-27 марти соли 2012 дар ш. Душанбе барпо мегардад, ошно сохта, таъкид намуд, ки он барои барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон аҳамияти хосса дорад. Ӯ тазаккур дод, ки иштироки ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб дар ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ ба самаранокии кори он мусоидат хоҳад намуд.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






