Мулоқоти намояндагони Хадамоти муҳоҷират

Март 2, 2012 13:30

Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Чанде пеш мулоқоти нозири Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Шоҳназар Табаров бо муовини сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Свердловск Юрий Безбородов баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Назар ба хабари манбаъ, дар ҷараёни мулоқот, ки бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид, масъалаҳои қонунӣ гардонидани низомномаи ҳуқуқии муҳоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Свердловски Русия мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамчунин бархе пешниҳодҳо перомуни вусъат бахшидани кор дар ин самт баррасӣ шуд.Ҷонибҳо, аз чумла, дар мавриди шаклҳои имконпазири дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷирони оянда таълим додани забони русӣ ва дар ҳудуди вилояти Свердловск барои иҷрои кор ихтисоси зарурӣ пайдо кардани онҳо мубодилаи афкор намуданд.Дар мулоқот ҳамчунин намояндаи Муассисаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» — и назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Илҳом Амонов, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Дидор» Хушвахт Ҳайдаров, директори корхонаи «МИТС» Амирҳамза Кассиров, ёвари сардори раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Свердловск Дмитрий Распопов, сардори шӯъбаи таҳлил, тарҳрезӣ ва назорати Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Свердловск Яна Лапина иштирок доштанд.

Март 2, 2012 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд